ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ 24.11.2021 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи “Парчам – рамзи истиқлолият” гузаронида шуд.