ОЗМУНИ МАТЕМАТИКӢ: “БОДИҚҚАТ БОШ!”
Санаи 30.11.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақша – чорабиниҳои таълимии беруназсинфӣ аз тарафи иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ озмуни математикӣ: “Бодиққат бош!” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” гузаронида шуд. Дар озмун хонандагони синфи 3 “Б” бо номи “Умники и знайки” ва хонандагони синфи 4 “А” бо номи “МАҲЗАР” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ҳар ду гурӯҳ холҳои баробарро ба даст оварда, ғолиби озмун гардиданд.