ҲУСНИ ХАТ БЕҲ ЗИ ҲУСНИ ДИЛДОР АСТ
Санаи 07.12.2021 дар литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ дар байни хонандагони синфҳои 2 – 4 озмуни ҳусни хати беҳтарин дар мавзӯи “Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст” гузаронида шуд. Дар озмун 25 нафар хонандагон иштирок карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҳусни хати хонандагони зерин беҳтарин ҳисобида шуд.
Сафаров Бахтовар, Хоҷагелдиева Аҳдия – синфи 2 “А”;
Бобоқулова Шукрона, Кабирзода Дилноза – синфи 3 “А”;
Тураева Меҳрона, Машмадов Мустафо – синфи 3 “Б”;
Дилшодзода Самия, Касирова Малика – синфи 4 “А”;
Султонова Сумая, Шарипова Мамлакат – синфи 4 “Б”.