ХУШХАБАР
Яке аз индикатори муайян намудани рейтинги муассисаҳои таълимӣ, ин ғолибияти хонандагонашон дар озмун барои гирифтани СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ мебошад. Боиси ифтихор аст, ки Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳафтгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ки шумораи бештари хонандагонаш дар озмун ғолибият ба даст овардаанд, аз тарафи САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ натиҷагирӣ карда шудааст, қарор гирифтааст.