“Кудак китоби панд аст”
“Кудак китоби панд аст”
Рузи 1-июн чорабини дар мавзуи “Кудак китоби панд аст” ва чамъбасти даври нихоии Олимпиадаи IX-уми байналмилали баргузор гардид. Дар чорабини Ректори Донишгохи давлатии тичорати Точикистон Шарипов Муминчон Машокирович, чонишини директори кор бо кудакони лаёкатманди назди Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон Сафаров Умедчон, Сарвари литсей Махмадуллоев Зафар Насуллоевич ва падару модарони хонандагони синфхои ибтидои иштирок намуданд.
Кудак давоми умр аст,
Кудак тамоми умр аст.
Кудак навбахори дил,
Кудак ифтихори дил.
Чун мо дар Рўзи байналмилалии њифзи кудакон ќарор дорем аз ин ру мехохем кайд намоем, зиндагии инсон бе хастии кудакон хеч аст. Хотирнишон месозем, ки 1 июн кариб дар хамаи кишварҳои чахон Рузи байналмилалии хифзи кудакон тачлил мегардад. Рузи хифзи кудакон мохи ноябри соли 1949 бо карори ичлосияи Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта буд. Аввалин Рузи байналмилалии хифзи кудакон соли 1950 дар 51 кишвари чахон тачлил гардид.
Кудак сари баланд аст,
Кудак китоби панд аст.
Чашн гирифтани Рузи байналмилалии хифзи кудакон, хамасола вохури бо чавонон ифодагари он аст, ки Сарвари давлат нисбат ба хаёти кудакону чавонон бе тавофут набуда, ояндаи кишварро аз хастии онхо дониста аст.
Шудам мафтуни њар як гуфтугуяш,
Ба хотир оварам панди накуяш.
Ду чашмам тира гардад назди устод,
Агар созам нигохи бад ба руяш.
Бе захмату талоши устод, бе дастгирию мадади ин шахси бузург хеч нафаре сохиби илму дониш шуда наметавонад. Махз захмату талоши устодони литсей, кордонию махорати сарвари литсей Мањмадуллоев Зафар Насуллоевич дастгирию мадади ректори донишгох Шарипов Муъминчон Машокирович ва инчунин гамхории Хукумати чумхури буд, ки хонандагони литсей ба як катор муваффакиятхо ноил гардида, дар олимпиадахои нохияви, шахри, чумхурияви ва байналмиллали сазовори чойхои намоён гардиданд ва мо хонандагони синфхои ибтидои низ аз ин муввафакиятхо дар канор намондем.
Соли тахсили 2012-2013 бори аввал хонандаи синфи 4 «А» Насриддинова Маърифатхон Баходуровна дар Олимипиадаи «Чилои Дониш» 2012 иштирок намуда, сазовори љойи сеюм медали биринчи ва 60 нафар хонандагони синфхои 3-юм ва 4-ум дар Олимпидаи IX-уми байналмиллали аз фанхои забони руси, забони англиси ва математика иштирок намуда, сазовори дипломхои дарачаи якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Албатта ин боиси ифтихор ва сарбаланди аст.Дар анчоми чорабини Ректори ДДТТ М.М. Шарипов ба хонандагони синфхои 3-4, дипломхои дарачаи якум, дуюм ва сеюм, ба падару модарон Сипоснома ба омузгорон: Белоусова Вера Алексеевна, Ахмедова Шахло Махкамовна., Рањимова Нигорби Хошимовна, Мирзоева Саёхат Рахмоновна., Абдурахимова Ханифа Икромона, Курбонова Сабзамох Абдучалиловна, Ифтихорнома ба Сарвари литсей Махмадуллоев Зафар Насуллоевич Сипосномаи Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи IX-уми байналмилали аз руи асосњои илм ва ба хамин мазмун Сипоснома ба чонишини директор оид ба фаъолияти инноватсиони Махсудинова Райхона Гоибовна таќдим намуданд.