Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ТАШРИФИ ПРОФЕССОРОНИ ДОНИШГОҲИ ГАРВАРД БА ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Дар санаи 12.04.2022 ду нафар профессорони Донишгоҳи Гарвард  Ҷенет Скофилд ва  Доуглас Скофилд ба  литсей ташриф оварда бо хонандагон вохӯрӣ гузарониданд. Сараввал  профессор Ҷеннет Скофилд, ки худ зодаи шаҳри Боулдер  иёлоти Колорадо, ИМА аст дар бораи ин шаҳри зебо,табиат, ҳайвонҳои нодир, канданиҳои фоиданок, иқлим,муассисаҳои таълимӣ ,  ҷойҳои тамошобоб як соат дарси кушод гузаронид.. Ба хонандагон зиёдтар  Китобхонаи ҷамъиятии Боулдер  ва чойхонаи Боулдер- Душанбе хеле писанд омад.

Сипас дар бораи Донишгоҳи Гарвард маълумот дода шуд. Дар рафти дарс хонандагон озодона бо забони англисӣ муошират намуданд, ки  хонандагон хело фаъолият ва этикаи баланд нишон доданд, сарфарозии профессорон шуд.  Хонандагон аз ин имконият истифода бурда саволҳои худро оиди:

1.    Роҳҳои комёб шудан ба Донишгоҳи Гарврд;

2.    Имтиҳонҳои дохилшавӣ;

3.    Факултахо ва ихтисосҳо;

4.     Самт ва барномаҳои таълимӣ

5.    Ҳаёти донишҷӯён дар Гарвард  пешкаш намуданд ва ҷавбҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охири дарс хонум Ҷеннет пешниҳод намуд, ки Боулдер ва Душанбе бародаршаҳрҳо ҳастанд ва хуб мешавад байни хонандагони ин  ду бародаршаҳр барномаи табодулии онлайнӣ ташкил кунем. Пешниҳод хурсандана қабул гардид. Дар лаҳзаи хайрухуш меҳмонон Ҷеннет ва Доуглас Скофилдҳо ба директори литсей барои қабули гарм ва иштироки фаъолонаи хонандагон миннатдории хешро баён намуданд.