ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ
Дар таърихи 12.04.2022 бахшида ба таҷлили рӯзи Пойтахт дар байни хонандагони синфҳои 5 – 6 озмуни байтбарак гузаронида шуд, ки хонандагони синфи 6 – ум ғолибият ба даст оварданд.
Дар таърихи 13.04.2022 аз тарафи иттиҳодияи методии фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ Мизи мудаввар дар мавзӯи «Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе» дар байни хонандагони синфҳои 5-9 гузаронида шуд.
Дар таърихи 13.04.2022 дар синфи 5 «Б» дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзӯи «Душанбе родноя столица» бахшида ба таҷлили рӯзи Пойтахт гузаронида шуд. Инчунин дар ҳамаи синфҳо дарсҳои намунавии тарбиявӣ бахшида ба таҷлили рӯзи Пойтахт гузаронида шуд.
Дар таърихи 14.04.2022 бахшида ба таҷлили рӯзи Пойтахт аз тарафи омӯзгори фанни география Амонов Хуршед викторина дар мавзӯи «Пойтахтдони беҳтарин» дар байни хонандагони синфҳои …гузаронида шуд.
Санаи 15.04.2022 дар ҷамъомади пагоҳирӯзӣ бахшида ба таҷлили рӯзи Пойтахт чорабинии адабӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи « Надҳам зи даст ҳаргиз як пораи Душанбе» гузаронида шуд, ки хонандагони синфҳои 3,4,5 дар ин чорабинӣ иштироки фаъолона дошта бо рақсу суруд ва қироати шеърҳо хотири ҳозиринро шод гардониданд.