Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДАРСИ ҲАРБӢ-ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ

Бо мақсади мустаҳкам намудани тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии наврасон бо ташаббуси маъмурияти литсей ва бо роҳбарии омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбии литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии мактаббачагон бо хизматчиёни ҳарбӣ ва шиносоии онҳо бо шароити хизмат, фароғату зиндагии сарбозон дар қисми ҳарбии 051055 ташкил карда шуд. Дар майдони сафороии қисми ҳарбӣ мактаббачагонро ба гурӯҳҳо ҷудо карда, ба онҳо барои маълумот ва шиносоии бештар як нафарӣ аз афсарони қисми ҳарбӣ вобаста гардид. Муаррифии қисми ҳарбӣ аз лавҳаи хотиравии сарбозон оғоз гардид.

Аз корномаи гвардиячиён ёдовар шуда, устодон қайд карданд, ки хоинони миллат ҳамеша шармсору саркуб мешаванд, вале фарзандони содиқи Ватан ҳеҷ гоҳ намемиранд ва ёди неки онҳо ҳамеша ҷовидон аст. Дар гӯшаи дигар барои хонандагон тамошои аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ, ки имрӯз ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз он истифода мекунанд, хеле шавқовар ташкил карда шуд. Ба саволҳои мактаббачагон афсарони роҳбалад ҷавобҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин толибилмон аз толорҳои қисми ҳарбӣ дидан намуданд. Тамошои толори шараф, ки бозгӯи таърихи гурдон ва лашкардории ниёгон аст, ифтихору худшиносии наврасонро бедор намуд. Сару либос ва абзоли ҷангии сипоҳиён дар замони гуногуни таърих барои наврасон хеле аҷоиб буд. Китобхонаи қисми ҳарбӣ, ороиш ва тартиби кори он, ки зиёда аз 2 ҳазор номгӯи адабиётро дар бар мегирад, мавриди таваҷҷӯҳи зиёди мактаббачагон гардид. Роҳбарияти қисми ҳарбӣ мактаббачагон ва қисме аз сарбозонро дар толори маҷлис ҷамъ оварда, барои суҳбат ва саволу ҷавоб имконият фароҳам овард. Маълум шуд, ки наврасон аз таърихи миллату давлатдории тоҷикон, гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ бархурдоранд. Албатта, бо саъю кӯшиши аҳли ҷомеа метавон дар замири ҳар як ҷавон муҳаббату садоқати Модар Ватанро боз ҳам мустаҳкаму устувор ҷой намуд.