Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ МУБОРАК!

14-уми майи соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ- риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар баргузор гардид, ки ду нафар хонандаи литсей;

1. Азиззода Абдулқодир хонандаи синфи 6 аз фанни математика –ҷойи якум

2.Чиниева Согдиана хонандаи синфи 5 аз фанни забон ва адабиёти рус- ҷойи сеюмро сазовор гаштанд.

Ин дастоварди навбатиро ба омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони литсей муборакбод мегӯем!