Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Дастоварди бехтарин

Дастоварди бехтарин

          Рузи 19.07.2013 дар толори бинои №7 Донишгохи давлатии тичорати Точикистон  бо иштироки ректори Донишгох М.М.Шарипов декани  факултаи «Иктисодиёти чахон ва хукук» Ф.Р.Шаропов  директори литсей З.Н.Махмадуллоев омўзгорон ва хонандагони литсей, падару модарон чамъомад баргузор гардид. Дар соли тахсили 2012-2013 литсей ба дастовардхои назаррас ноил гардид. Аз чумла хатмкардахои литсей Донабойзода Акмал дар олимпиадаи номии чумњуриявии ба  номи  Камолиддин  Бойматов  ба гирифтани чойи дуюм, медали нукра, дар олимпиадаи  фаннии  мактаббачагон даври нихои (чумхурияви) чойи  сеюм ва  медали  биринчи  аз  фанни  алгебра, Мирзоев  Эрачшох чойи сеюм аз фанни биология ва Махмудов  Кароматулло  чойи сеюм  ва  медали биринчи аз фанни физикаро сазовор гардиданд.

Инчунин рузи 13-уми июли соли тахсили 2013 дар бинои мактаби тахсилоти умумии № 15-и шахри Душанбе озмуни довталаби медали тилло ва нукра баргузор гардид, ки дар озмун хатмкардагони литсей Давлатова Шахлочон ва Махмудов  Кароматулло иштирок намуданд.

Дар натича  хатмкардаи  литсей  Махмудов  Кароматулло  Азизович   ягона  хонандае, ки дар байни мактабхои тахсилоти миёнаи умуми, литсейу гимназияхои шањри Душанбе ба гирифтани медали нукраи равияи табиию-риёзи ва Шаходатномаи махсус дар бораи тахсилоти умумиро  сазовор  гардид, ки дар ин чода  захматхои  хамарузаи  устодон М.И.Султонов, Х.Холов чонишини директор оид ба фаъолияти  инноватсиони  Р.Г. Махсудинова ва коллективи литсей басо бузург  буда  омузгороне, ки дар  омода  намудани  хонандагони болаёкат сахмгузори намудаанд, аз чониби маъмурияти литсей хавасманд гардонида мешаванд.  

Ректори Донишгох  М.М. Шарипов хамткардаи литсей Махмудов Кароматуллоро  бо ин дастоварди бузург  табрик  намуда  аз  чумла  кайд  намуданд, ки дар  ин чода дастгирихои  бевоситаи  падару  модарон  аст, ки хонандаи  имрўза метавонад ба дастовардхои назаррас ноил гардад. Агар  хамаи  падару  модарон  конун дар  бораи  масъулияти  падару  модар дар тарбияи фарзандро  дарк  намуда, масъулият  њис  намоянд  имруз метавонанд аз чунин фарзандон  фахр намоянд. Ва  мо низ аз  чунин падару модарон сипосгузор буда, дар оянда  кушиш намоем, ки иштироки хонандагон дар олимпидахои нохияви, шахри, чумхурияви, байналмиллали, байналхалки, довталаби Шаходатномаи аъло ва довталаби Шаходатномаи медалхои тилло ва нукра зиёдтар гардад ва ин хонандагон бевоситаи аз чониби Раёсати Донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва Литсей хавасманд гардонида шаванд. Инчунин  омузгороне, ки  дар  омода  намудани чунин хонандагон сахмгузори намудаанд бо Мукофотхои давлати, Аълочии маорифи чумхурии Точикистон ва Аълочии кооператсияи матлуботи  Чумхурии Точикистон  кадрдони  карда шаванд. 

Дар охир Ректори Донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва директори  литсей  З.Н. Махмадуллоев ба  хатмкардаи  литсей Махмудов  Кароматулло  Азизович  медали  нукраи равияи табиию-риёзи ва Шаходатномаи махсус дар бораи тахсилоти умуми  такдим намуда,  аз чониби Раёсати  Донишгох  ва  маъмурияти  литсей бо  мукофоти пули хавасманд гардонида шуд.

Чонишини директор оид

 

ба фаъолияти инноватсиони                                Р.Г.Махсудинова.