ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА 31 – УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Боиси хурсандӣ аст, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар сафи олимони дараҷаи илмӣ дошта рӯ ба афзоиш аст. Кадрҳои илмии ояндадору донишманди ин боргоҳи илму маърифат дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя менамоянд.
Аз ҷумла, 3-юми сентябри соли 2022 омӯзгори калони кафедраи менеҷмент Мумтоз Назирӣ дар Шӯрои муштараки диссертатсионии КОА 999.031.03-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Руссияву-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “СОВЕРШЕНСТВОВАНИЕ МЕХАНИЗМА ОБЕСПЕЧЕНИЯ УЧРЕДЖДЕНИЙ ВЫСШЕГО ПРОФЕССИОНАЛЬНОГО ОБРАЗОВАНИЯ КАДРОВЫМ ПОТЕНЦИАЛОМ НА РЫНКЕ ОБРАЗОВАТЕЛЬНЫХ УСЛУГ» (на материалах Республики Таджикистан) бомуваффақият рисолаи номзадиро ҳимоя намуд.
Маъмурият, ҳайати омӯзгорону кормандон ва хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мумтоз Назировнаро бо ин дастоварди илмӣ самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар идомаи фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ барору комёбӣ орзу менамоянд.