АГАР ФАРДОИ МЕҲАНРО БИҶӮЙИ...
Агар фардои меҳанро биҷӯйи,
Биёб аз файзи эҳсони муаллим...
Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва нерӯи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд. Касби омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ӯ ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ, ва шинохти оламу одамро меомӯзад.
Бинобар ин дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани шогирдони соҳибмаърифат яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад.
Барои расидан ба ин ҳадаф омӯзгорони литсей дар соли таҳсили 2021-2022 соҳиби дастовардҳои зиёде гардиданд ва барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани шогирдони боистеъдод ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ва литсей, Наботов Сиёвуш Холмуродович, Сабзалиева Гулшод Ёралиевна, Шоназарзода Алишер Валиаҳмад бо нишони "Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон" қадрдонӣ гардиданд.
Ин дастоварди навбатиро ба омӯзгорони литсей табрик гуфта ба онҳо тансиҳатӣ, руҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш ва комёбиҳои беназирро таманно менамоем.