Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

МЕҲРГОНИ МЕҲРУБОН ОЯД ҲАМЕ

Меҳргон аз калимаи «Меҳр», ки ба моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, моҳи аввали тирамоҳ мебошад ва ба 23- сентябр, 22 октябр рост меояд, гирифта шудааст. Рӯзи аввали моҳро Меҳргон меноманд, ки эътидоли тирамоҳиро мефаҳмонад. Дар қадим дар ин рӯз иде ҳам барпо мешуд. Ҳар сол сокинони ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқан ба анъанаҳои ниёгонамон ба хотири масъули дастранҷи деҳконон ва хирмани бобаракати кишоварзон маърака ороста, иди ҳосилотро ботанатана қайд мекунанд, ки мақсади он намоиш додану тавсиф намудани намудҳо, гуногунии маҳсулоти ба даст овардаи кишоварзон мебошад.

 

Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ҳамасола ин ҷашн бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Имсол низ иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ ҷашни “Меҳргон” – ро бо омодагиҳо дар сатҳи баланд ташкил намуданд. Хонандагони литсей тавонистанд, ки бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон маълумот пешниҳод намоянд. Инчунин шеъру тарона ва саҳнаҳои ҷолиби диққат аз ҷониби хонандагони синфҳои 5 – 7 пешниҳоди ҳозирин гардонида шуданд.

Гузаронидани чунин тадбирҳо шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба касбҳои соҳаи кишоварзӣ зиёд намуда, фаҳмиши онҳоро доир ба табиат ва умуман сарватҳои табиию истифодаи онҳо дар шароити имрӯза ташаккул медиҳад, ба  қадру қиммати деҳқон ва чӣ гуна   бо заҳмату ранҷи зиёде ба даст омадани неъматҳои моддӣ бештар шиносоӣ пайдо мекунанд, инчунин натиҷаи донишҳои назарявӣ ва корҳои амалии худро ҷамъбаст намуда, шод мегарданд ва барои оянда хулосаҳо мебароранд.