ИҚДОМИ БОМАНФИАТ
Ҷиҳати татбиқ ва иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, № 1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (5-11), устодону донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм, маъмурияти литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои ҳамаи омӯзгорон луғати мазкурро дар шакли китобча чоп намуда тақсим намуданд.
Директори литсей Наботов С.Х. баҳри ташаккул додани маҳорату малакаи забономӯзӣ тасмим гирифтаанд, ки то охири ҷамъбасти чоряки якум ба ҳамаи хонандагони литсей дар ҳаҷми 400 адад луғат ройгон дастрас мегардад.
Муҳлати омӯзиш ва азёд кардани луғат то санаи 31.12.2022 муайян шудааст.