Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

         Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022 – 2023 Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро бомуваффақият ҷамъбаст намуд. Дар соли таҳсили ҷорӣ муассисаро 36 нафар хонанда хатм намуда соҳиби Аттестат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиданд.

         Дар маросими супоридани Аттестати хатм ва Ифтихорномаҳо Ҳисориева Г.Т. муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Наботов С.Х. директори литсей, Ниёзбекова Г.А мушовири директор, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон ва падару модарони хатмкунандагон иштирок намуда, аз дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон ба масоили мубрами ҳаёти насли наврас таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунад. Насли ҷавони мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунанд, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошанд, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доранд, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя намояд, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз карда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваранд.

 

         Дар анҷом ҳайати омӯзгорон ба хатмкунандагон дар супоридани ИМД муваффақият ва комёбӣ таманно намуда, иброз доштанд, ки баъди соҳибкасб гардидани онҳо давлату ҳукумат барои бо ҷойи кор таъмин гардидани ҷавонон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, бояд мо ҷавонон ҷавобан ба ҳамаи ин имконияту ғамхориҳо пайваста меҳнат карда, барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю кӯшиш намоем.