Наврӯз дар литсейи ДДТТ
Навруз дар литсейи ДДТТ
Дар таърихи 15уми марти соли 2014 Литсейи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон дар толори бинои таълимии №2 чорабинии умумилитсейии худро бахшида ба чашни байналмилалии Навруз дар мавзуи «Точикистон Ватани Навруз аст» тачлил намуд.
Чорабиниро хурдтаракони литсей бо барномаи театрикунонидашуда бо номи «Муждаи бахор» огоз намуданд.
Дар чорабини устодони Раёсати Донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва ректори донишгох профессор Шарипов МуминЧон Машокирович иштирок намуданд.
Ректори донишгох хамаи толибилмон, омузгорони литсейро бо ин чашни пуршукух табрику тахният гуфта кайд намуданд, ки Навруз яке аз бошукухтарин чашнхои кавми Ориёи ва мардуми форсизабон аст. Хикмати Навруз ончунон кави аст, ки аз махдудаи мардумони форсизабон фаротар рафта ба як чашни фаромилли дар машрикзамин табдил ёфтааст.
Хонандагони литсей бо раксу сурудхои чолиб, сахначахои хачвии наврузи, дубайтхои наврузи хотири хозиринро шод гардониданд.
Максади гузаронидани чорабинии наврузи ин нигох доштан ва инкишоф додани фархангу анъанахои милли, омузиши таърих ва тахкики маросиму идхои анъанави. ва дар рухияи ватандусти ва ифтихори милли, тарбия намудани хонандагон мебошад.
Дар анчоми чорабини директори литсей номзади илми физика- математика Махмадуллоев З.Н. ба омузгорону хонандагоне, ки дар сатхи баланд омода намудани барномаи фарханги- маърифатии чашни сахми сазовор гузоштаанд изхори миннатдори баён намуда барояшон дар омад-омади фасли растохези бахор, хонаи обод, сарсабзию сарбаланди таманно намуданд.
Дар таърихи 19.03.2014 наврузи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон баргузор гардид.
Дар баробари устодони донишгох омузгорони литсей; Шукурова Сарвиноз, Санифаи Мухиддин барои фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Чумхурии ТоЧикистон сарфароз гардонида шуданд. Омузорони собикадор ва чавоне, ки дар баланд бардоштани сатхи сифати таълим хиссагузоранд бо мукофоти пули кадрдони карда шуданд. Инхо:
Каландаров Неъматулло, Махсумова Рахима, Нурова Нозгул, Саидниёзов Алишер, Холматов Фаррух.
Инчунин ду нафар хонандаи литсей, Азизмуродов Одилчон ва Бобоев Эмомали ки дар Олимпиадаи байналхалки дар шахри Казокистон сохиби медалу ифтихорнома гардиданд, бо мукофотпули дар хачми 1200 сомони хавасманд карда шуданд.