Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Муаллим, эй танини ҳастии ман

04.10.2017 дар толори барњавои  ДДТТ чорабинии кушод тањти унвони «Муаллим, эй танини њастии ман»  ташкил ва гузаронида шуд. Барнома адабї – бадеї буда, аз сањначањои њаљвї, гуфтор, шеър, ѓазал, суруд дар васфи шахсияти нотакрор ва сарчашмаи илму маърифат, яъне омӯзгор иборат буд, ки аз љониби иштирокчиён бо се забон: тољикї, русї ва англисї пешнињод шуд. Ин рўз њамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишњои маънавї бо шукуњи хосса љашн гирифта шуд.

Инчунин дар литсей рўзи худидоракунї бахшида ба ҷашни омӯзгор аз тарафи  хонандагони синфњои 11 «А»,11 «Б» ва 9 «Б»  дар умум 35 нафар хонанда, ки  як њафта пеш мавзўъњои дарсии рўзи  04.10 ро аз омўзгорони фаннї гирифта, омодагї дида буданд, дар сатњи баланд ташкил ва гузаронида шуд.