Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Ҳафтаи забонҳои хориҷӣ

 Аз рӯйи нақша-чорабинии мураттаб кардашуда дар литсей ҳафтаи забонҳои хориҷӣ аз санаи 02.10.2017 то 07.10.2017 доир гардид.Дар гузаронидани ҳафта саҳми аъзоёни маҳфили «Русское слово» ва“We speak English” калон буд. Дар санаи 02.10.17 намоиши саҳнавии «Золотая осень» аз ҷониби маҳфили «Русское слово» ва дар санаи 05.10.17 “Golden Autumn”аз ҷониби маҳфили“English Club”гузаронида шуд.Тӯли ҳафта аз ҷониби хонандагони фаъол як қатор чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ, маҳфили зарофатгӯён, шабҳои саволу ҷавоб ташкил ва гузаронида шуданд. Ҳафта рӯзи 07.10.2017 ҷамъбаст гардид ва иштирокчиёни даҳаи фаннӣ ва ғолибони озмунҳо бо ифтихорномаю китобҳои бадеӣ ҳавасманд гардонида шуданд.