Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Конфронси илмӣ – адабӣ дар мавзӯи “Кишти боровари деҳқон”

Рўзи Мењру моњи Мењру љашни фаррух Мењргон,

Мењр бифзой, ай нигори моњчењри мењрубон.

Мењрубонї кун ба љашни Мењргону рўзи мењр,

Мењрубонї кун ба рўзи мењру љашни Мењргон.

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар литсейи Донишшгоњи давлатии тиљорати Тољикистон дар таърихи 20.10.2017 бахшида ба ин ид Конфронси илмї – адабї дар мавзўи «Кишти боровари дењќон» бо шукуњу шањомати хоса љашн гирифта шуд. Конфронсро хори умумї аз њисоби хонандагони синфи 7 «А» ва композитсияи хело љолиби  «Тирамоњи зарин» аз њисоби хонандагони синфи 9 «Б» њусни оѓоз бахшиданд. Дар конфронс маърўза, ќироати шеърњо, маълумот дар бораи растанињои доругї ба самъи ҳозирин расонида шуд. Инчунин слайди омоданамудаи хонандаи синфи 7 «Б» Каримиён Анушервон оид ба меваю сабзавотњо намоиш дода шуд. Инчунин корҳои эҷодии хонандагон, ки бо истеъдоду маҳорати баланд тайёр карда шуда буданд, аз тарафи аъзоёни њакамон бањогузорї карда шуданд.