8 март – Рӯзи Модар
Бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз 6 марти соли 2009, 8 март – Рӯзи Модар эълон гардид ва ҳар сол ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Дар литсей низ ин рӯзро бо як масъулияти баланд пешвоз гирифтанд. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Аё модар, сутуни хонадонам», ки рӯзи 6 март дар толори Донишгоҳ баргузор гардид, гуфтаҳои моро тасдиқ мекунанд. Конференсия хеле ҷолиб, таъсирбахш ва диданӣ буд. Дар омода намудани гулдухтарон, шартҳои озмун, қироати шеъру таронаҳо, саҳначаҳо, гуфтаҳои бузургон дар васфи модар, иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст” омӯзгорон Мисайнова Г.М. ва Шукурова С.М. ин чорабиниро дар сатҳи хеле баланд таҷлил намуданд.