Ахборот ЛДДТТ
Санаи 04.04.2022 дар Кохи Суруш, шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии (синфи 11) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ баргузор гардид. Хонандаи синфи 11 – и литсей Икромӣ Анушервон, ки дар даври ниҳоии олимпиада аз фанни Математика сазовори ҷойи дуюм гардида буд, бо медали нуқра ва Дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.
Санаи 02.04.2022 дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ – риёзӣ барои хонандагони синфи 11 – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Дар даври ниҳоии олимпиада хонандаи синфи 11 – и литсей Икромӣ Анушервон аз фанни Математика иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Дар санаи 16.03.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байнаналмилалии Наврӯз ва иҷрои бандҳои Консепсияи миллии тарбия аз рӯйи унсурҳои “Тарбияи ҷисмонӣ” ва “Тарзи ҳаёти солим” мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди “Гуштингирӣ” гузаронида шуд. Дар мусобиқа 38 нафар хонандагон иштирок намуданд.
17.03.2022 ш.Душанбе
Семинари машваратӣ – фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар мавзӯи “Бишуд Наврӯзи фаррухпай ҷаҳонӣ” дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
Дар санаи 15.03.2022 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байнаналмилалии Наврӯз озмуни “Байтбарак” дар байни хонандагони синфҳои 2 – 7 зери унвони “Тоҷикистон – Ватани Наврӯз аст” гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ 47 нафар хонанда иштирок намуда, маҳорати шеърдонию шеърхнии худро нишон доданд. Аз синфҳои 2 – 4 26 нафар хонанда ва аз синфҳои 5 – 7 21 нафар хонанда байни ҳам байтбарак намуда, маҳорати фикрронӣ ва хулосабарории хешро пешкаши ҳозирин гардониданд. Натиҷаи ҷамъбасти озмун аз рӯйи ҳозирҷавобии хонандагони синфҳо чунин аст:
Дар байни хонандагони синфҳои 2 – 4 синфи 4 “А” ва дар байни хонандагони синфҳои 5 – 7 синфи 6 “А” ғолиби озмун гардиданд.