Ахборот ЛДДТТ
Санаи 24.05.2022 дар "Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе" "Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон" баргузор гардид, ки дар он хонандаи синфи 8-и "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" Раҳмонова Ибодат аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Рӯзи 17 - уми майи соли 2022 дар гимназияи таълимии №74 шаҳри Душанбе даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм -фурӯғи маърифат" баргузор гардид .Дар озмуни мазкур 5 нафар хонанда аз литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ширкат варзиданд. Хушбахтона, як нафар хонандаи синфи 10- и "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" Ҳасанзода Ҷасур дар ин озмун иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
Санаи 21.05.2022 дар "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" омӯзгорону кормандони хоҷагидорӣ ҳудуди литсей, гирду атрофи дарахтон, қитъаҳои сабзазор ва бехи гулу гулбуттаҳоро тозаю озода ва рӯбучин намуда, саҳмашонро дар ободонию хуррамгардонии ин боргоҳи илму маърифат гузоштанд.
Корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар литсей минбаъд низ, идома меёбанд.
Санаи 23.05.2022 дар "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии адабӣ- фарҳангӣ, таҳти унвони "Аз замони кудакӣ, аз наврасӣ, ҳаст ин Модар-Ватан аз мо ризо" баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ ғолибони Олимпиадаҳои фаннии хонандагон , даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Сипас, қисмати фарҳангии чорабинӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Санаи 21.05.2022. "Ҷаласаи раисон ва аъзоёни кумитаи падару модарон" дар "Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистрн" баргузор гардид.Ҷаласаро муовини директор оид ба тарбия Мисайнова Г. М. оғоз намуда, оиди баъзе мушкилотҳо дар таълиму тарбия суханронӣ намуданд.Сипас, раиси кумитаи падару модарон Меликов Олимҷон оид ба фаъолияти кумита ҳисобот пешниҳод намуда, аз бурду бохт ва мушкилотҳои фаъолияти кумита суханронӣ намуданд.