Ахборот ЛДДТТ
Мувофиқи ҷадвали дарсҳои кушод дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дарси намунавӣ аз фанни табиатшиносӣ дар синфи 4”А” дар мавзӯи “Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо” гузаронида шуд.
Дар санаи 25.04.2022 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар синфи 9 «Б» бо роҳбарии роҳбари синф Раҳмонова М.Э. соати тарбиявӣ дар мавзӯи «Вода источник жизни» гузаронида шуд. Синфхона бо «порахои абр», «қатрахои об», «борон», «дарё», расмҳои шаршарахо оро дода шуда буд, ки бо баробари ворид шудан ба табъи иштирокчиён таъсир мерасонид. Машғулият бо усули гурӯхбанди гузаронида шуд. Хонандагон ба гурӯҳҳои «Знатоки», «Ученые», «Экологи» ва «Ученики» тақсим шуда фикру ақидахояшонро нисбати мавзӯ бо тасвирҳо, зарбулмасалу гуфторҳо, панду андарз, ҳикояву масал баён намуданд.
15 – уми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ барои хонандагони синфи 11 – и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он хонандаи синфи 11 – и литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло аз фанни Ҳуқуқ иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Аз санаи 12.04.2022. то 22.04.2022 дар ноҳия Фирдавсӣ даври дуюми (ноҳиявӣ) Конфресияи илмӣ – эҷодии хонандагон баргузор гардид, ки хушбахтона аз 19 нафар хонандагони Литсейи Донишгоҳи Давлатии тиҷорати Тоҷикистон 18 нафар ба даври сеюм (шаҳрӣ) роҳхат гирифтанд. Иштирок дар чунин лоиҳаҳо малакаҳои ҷустуҷӯйи илмии хонандагонро ташаккул дода , ҷаҳонбинии илмию эҷодии онҳоро васеъ менамояд.Айни ҳол хонандагони муваффақ ҳамроҳи роҳбарони илмии худ омодагӣ ба даври сеюм дида истодаанд.
Кӯдакони болаёқат захираи
тиллоии миллат мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Мувофиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз санаи 01.04.2022 то 10.04.2022 дар бинои Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ- иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе озмуни довталабони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин озмун фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 17 нафар хонандагони литсей бо ба даст овардани холҳои баланд Гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2021-2022 гардиданд.