Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Рӯзи 08.09.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Омӯзгорон ва хонандагони литсей ин чорабиниро бо шукуҳу шаҳоматихосса таҷлил намуданд.

Хушбахтона фарорасии соли нави таҳсили 2021-2022 ба ҷашнвораи пуршукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муссисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон дарси аввалини худро бо номи сулҳу дониш оғоз менамоянд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯи Замин буда, барои ҳар як инсон чун обу ҳаво лозим аст. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати одамон ва орзуҳои неки ҳар як фард, ҳама маҳз аз сулҳу амонӣ бар меоянд.

Дар Литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ-математикӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи "Такмил додани дониши хонандагон бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим" бо иштироки васеъи омӯзгорон гузаронида шуд.

Мақсади гузаронидани семинари мазкур:

- Пешниҳод намудани супоришҳои иловагӣ ба хонандагони фаъол ва ҷалби онҳо барои боз ҳам амиқтар омӯхтани барномаи таълимӣ.

- Ҳамаҷониба андешидани тадбирҳо баҳри баланд бардоштани муваффақиятҳои хонандагон дар таҳсил, сифати дониш, маҳорат ва малакаи онҳо. Таъмини ягонагии талаботи коллективӣ педагогӣ оид ба пешгирии сустхонии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи онҳо.

Санаи 29.05.2021 дар литсейи ДДТТ чорабинии умумилитсейии рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мавзӯи “Имрӯзу фардои миллатем” бахшида ба 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки мақсади гузаронидани чорабинӣ дар рӯҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбия намудани хонандагон буд. Инчунин меъёрҳои Консепсияи ҳуқуқи кӯдак бори дигар ба самъи хонандагон расонида шуд.

Дар таърихи 21.05.2021 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" дар байни хонандагони синфи 10 “Б” ва 11 “Б” Викторина дар мавзӯӣ "Атмосфера" бо роҳбарии омӯзгори фанни биология Раҳмонова Мунира Эмомовна бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд.