Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Дар санаи 26.11.2021 бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ ва ҷалби онҳо ба олимпиадаҳои байналмиллалӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” даври якуми олимпиадаи “Spelling Bee – 2021”  дар байни хонандагони синфҳои 5 – 7 гузаронида шуд. Аз байни 26 нафар хонандагон 4 нафар хонандагон ғолиб омада, бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд ва ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Ҷойи аввал – Фарҳод Муслиҳиддин (синфи 6);

Ҷойи дуюм – Содиқова Ҳилола (синфи 5);

Ҷойи сеюм – Ғафуров Беҳруз (синфи 7);

Ҷойи сеюм – Қурбонов Ҳофиз (синфи 6);

Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ 24.11.2021  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии илмӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи “Парчам – рамзи истиқлолият” гузаронида шуд.

Аз санаи 11.11.2021 то 16.11.2021 мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди шоҳмот, шашка, волейбол ва кашидани турник дар байни хонандагон гузаронида шуд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 ноябри соли 2021, №652, аз 15 то 20 ноябри соли 2021 Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе эълон карда шуд.

Дар ин ҳафта хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуданд, ки 3 нафар хонандагон Абдуллои Иброҳим – аз фанни ҳуқуқ, Қаҳҳорзода Меҳрона – аз фанни химия ва Мусоева Фаршеда – аз фанни география сазовори дипломи дараҷаи III гардиданд. Ин дастоварди навбатиро ба омӯзгорон ва ғолибон муборакбод мегӯем.

Дар таърихи 16.11.2021 конференсия дар мавзӯи “Эй Ватан, бо Пешвоят зинда бош” дар байни хонандагони синфҳои 9 – 11 гузаронида шуд.