Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Санаи 11.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанҳои забони давлатӣ, забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Дар озмун хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷалб шуда буданд. Ғолибон ба даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон роҳхат мегиранд.

Санаи 08.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанҳои биология ва география баргузор гардид. Дар озмун хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷалб шуда буданд. Ғолибон ба даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон роҳхат мегиранд.

Дар таърихи 05.10.2021 – ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва арзишҳои маънавӣ чорабинии кушод таҳти унвони «Нури маърифат ба рӯям боз кард омӯзгор» бо шукӯҳу шаҳомати хоса  барпо гардид.Чорабиниро омӯзгорони иттиҳодияи методии фанҳои забонҳои хориҷӣ: русӣ ва англисӣ омода карданд. Барнома адабӣ бадеӣ буда аз саҳначаҳои ҳаҷвӣ, гуфтор, шеър, ғазал, суруд дар васфи шахсиятҳои нотакрор ва сарчашмаи илму маърифат иборат буд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуд.Барандагони чорабинӣ хонандагони синфи 11  «Б» Тухтаров Амирҷон ва Мирзоалиева Миҷгона буданд, ки рафти чорабиниро хеле бомаҳорат идора карданд. Чорабинӣ бо суруди «Муаллим, муаллим, муаллим »   аз ҷониби хонандагони синфи 5 «А» оғоз гардид. Сипас намояндагони ҳар синф бо навбат ба саҳна баромада бо шеъру гуфтор омӯзгорони худро табрик намуданд.

Санаи 07.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанҳои забони русӣ ва забони англисӣ баргузор гардид. Дар озмун хонандагони синфҳои 5 – 11 ҷалб шуда буданд, ки аз фанни забони русӣ 26 – нафар ва аз фанни забони англисӣ 36 – нафар иштирок намуданд. Ғолибон ба даври дуюми олимпиадаи фаннии хонандагон роҳхат мегиранд.

Дар байни хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҷашни истиқлоли тоҷик зинда бод” гузаронида шуд. Хонандагон дар бораи 30 – соли пешравиҳо маълумотҳои саҳеҳ доданд.