Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

         Санаи 10.12.2021 дар Гимназияи №4 маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳиявӣ) – и Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, ки 35 – нафар хонандагони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуда, сазовори медал ва ифтихорномаҳо гардиданд.

         Инчунин барои иштироки фаъолонаи шогирдон дар Олимпиадаи фаннии хонандагон омӯзгорони зерин бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд:

Маҳмадуллоев З.Н. – директори литсей;

Шоназарзода А.В. – омӯзгори фанни математика;

Султонова О.Т. – омӯзгори фанни забони англисӣ;

Саидниёзов А.С. – омӯзгори фанни химия;

Разоқов Ф.З. – омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ;

                Санаи 30.11.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мувофиқи нақша – чорабиниҳои таълимии беруназсинфӣ аз тарафи иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ озмуни математикӣ: “Бодиққат бош!” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” гузаронида шуд. Дар озмун хонандагони синфи 3 “Б” бо номи “Умники и знайки” ва хонандагони синфи 4 “А” бо номи “МАҲЗАР” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ҳар ду гурӯҳ холҳои баробарро ба даст оварда, ғолиби озмун гардиданд.

Дар санаи 27.11.2021 бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳавас ва зеҳни хонандагон барои муайян намудани беҳтарин шоҳмотбоз, даври якуми олимпиада оид ба “Шоҳмот” дар байни хонандагони синфҳои 5 – 11 гузаронида шуд. Аз байни 22 нафар хонандагон 2 нафар хонандагон ғолиб омада, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Ҷойи аввал – Билоли Беҳрӯз (синфи 10);

Ҷойи дуюм – Мадатов Умедҷон (синфи 7);

         Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 29.11.2021 дар байни хонандагони синфҳои 4 “А” ва 4 “Б” озмуни “Байтбарак” аз эҷодиёти шоирони классик ва муосири тоҷик гузаронида шуд. Дар озмун хонандагони синфи 4 “А” бо номи “МАҲЗАР” ва хонандагони синфи 4 “Б” бо номи “ЗАРИФОН” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбаст хонандагони синфи 4 “А” бо бартарии бештар ғолиби озмун гардиданд.

         Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз санаи 27.11.2021 то санаи 06.12.2021дарсҳои намунавӣ аз фанҳои биология, астрономия ва технологияи иттилоотӣ бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.