Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Дар таърихи 15.11.2021 дар байни хонандагони синфҳои 8 “А” ва 8 “Б” викторина дар мавзӯи “Президент ҳомии халқу кишвар” гузаронида шуд. Инчунин дар ҳамин рӯз дар байни хонандагони синфҳои 9 Мизи мудаввар дар мавзӯи “Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолият” гузаронида шуд.

Хонандагони болаёқати литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамасола дар озмун барои дарёфти Стипендияи Президентӣ иштирок намуда беҳтаринҳо муваффақ мегарданд. Дар соли таҳсили ҷорӣ низ 6 нафар хонандагони литсей:

1. Раҳмонова Ибодат - синфи 7;

2. Гаримадов Додихудо - синфи 9;

3. Раҳимов Сорбон - синфи 9;

4. Темурзода Анис - синфи 10;

5. Ҷангиев Абубакр - синфи 11;

6. Абдуллои Иброҳим - синфи 11 гирандаи Стипендияи Президентӣ гардиданд.

Ин дастовард ва пирӯзии навбатиро ба ҳайати омӯзгорони литсей ва ғолибон муборакбод мегӯем.

Санаи 26.10.2021 дар шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандгардонии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" ба таври тантанавӣ баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандаи Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Икромӣ Анушервон сазовори ҷойи дуюм гардида, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сипоснома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Ин дастовард ва пирӯзии навбатиро ба ҳайати омӯзгорони литсей ва ғолиб муборакбод мегӯем.

Дар санаи 29.10.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинарӣ методӣ барои омӯзгорони литсей дар мавзӯи “Омӯзгор – менеҷери синфхона” барпо гардид. Сараввал мафҳуми “менеҷер”, ки  аз калимаи англисии  “manage”  гирифта шуда  маънои рохбарикунанда, идоракунанда-ро ифода мекунад, таҳлил гардид. Дар рафти семинар ҳамаи мушкилотҳое, ки омӯзгорон дар идоракунии синфхона доранд, муайян карда шуда  роҳу усулҳои ҳалли он омӯзонида шуданд. Иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ҳар нафар менеҷери кадом ҷанбаҳо будани худро муайян намуданд ва ҳангоми муаррифӣ ҳар як омӯзгор  аз менеҷери синфхона будани худ рӯҳияи тоза гирифт.

Санаи 18.10.2021 даври якуми олимпиадаи фаннии хонандагон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз фанни забони модарӣ баргузор гардид. Дар озмун 18 нафар хонандагони синфҳои 2 – 4 иштирок намуданд ва10 нафар ғолиб ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд.