Ахборот ЛДДТТ
То абад бодо парафшон!
Рузи Парчами милли дар литсей бо тантана кайд гардид.24 11.2014 Конференсияи илми-адаби гузаронида шуд. Чорабини аз кисмати тантанави ва фарханги иборат буд. Кисмати тантанавиро маъруза, кироаъти шеър, сахна ва кисмати фархангиро хор, ракс, суруд дар бар гирифта буд, ки хеле шавковар ва хотирмон гузашт. Хонандагони синфи 2 «Б» порчае аз «Шохнома»-и Фирдавси достони «Кова ва Заххок»-ро бо махорати баланд пешкаши иштирокчиён гардониданд. Дар гузаронидани чорабини хонандагони синфи 2,3,4,5,6,9 фаъолияти хуб нишон доданд.
Татбики амалии Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Рузи 16.10.2014, чаласаи умумилитсейии падару модарони хонандагони синфхои 9-11-и литсейи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон гузаронида шуд, ки дар он кормандони хифзи хукук ва 150 нафар падару модар иштирок доштанд.
Барои таълиму тарбияи самарабахш ва сохибмаърифату хушахлок ба камол расонидани насли наврас хамкори ва робитаи пайгиронаро бо падару модарон вусъат додан зарур аст. Масъулияти падару модарон барои тайёр кардан ба зиндагии мустакилона ва омузиши дастовардхои илми муосир аз мактаб камтар нест. Аз ин ру, дар литсей робита бо ахли чомеа, ба хусус падару модарон устувор гардонида шуда истодааст.
Дар нимсолаи якум се маротиба мачлиси умумии падару модарон гузаронида шуда, волидайн бо одобу рафтори фарзандон ва масъалахои мухими руз, ба монанди татбики амалии Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дастуру супоришхои Президенти кишвар ва дигар конунгузорихои давлату хукумат дар ин чода шинос гардонида шуданд.
Рузи 1.11.2014 мачлиси умумии падару модар даъват карда шуд, ки масъалахои зеринро халлу фасл намуданд.
1.Вазъи таълиму тарбия дар литсейи ДДТТ
(Баромади директори литсейМахмадуллоев З.Н)
2. Робитаи падару модар бо муассисаи таълими (Баромади раиси кумитаи падару модар Талабов Ш.)
3. Чамъбасти мархилаи I рейтинги I-и соли тахсили 2014-2015 (баромади чонишини директор оид ба таълим Гулмахмадов С.)
4. Маъруза: «Нозукихо ва конуниятхои тарбияи фарзанд», дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (баромади Султонов М. чонишини директор оид ба фаъолияти инноватсиони)
«Мехргони мехромуз»
Дар толори мачлисгохи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон бахшида ба 90 солагии пойтахт ва 20 солагии Конститутсияи Чумхурии Точикистон Конфронси илми – адаби дар мавзуи «Мехргони мехромуз» бо шукуху шахомати хосае гузаронида шуд.
Сахни толор бо гулу гулдастахои тару тоза, бехтарин рузномахои девори, албомхо ва нигорахои бехтарин, мевахо аз бог, сабзавотхои тару тоза, махсулот аз гандум, ки кадбонухои бехтарин тайёр карда буданд, оро дода шуда буд. Конфронсро хори умумии хонандагони синфи 4 «А» бо суруди «Мехргон» ва композитсияи адаби тахти суруди «Гулхои Душанбе » бо ракси зебои хонандаи синфи 5 «Б» Нарзиддинова Дилшода хусни огоз бахшиданд.
Викторинаи биологи байни синфхои 11 «А» бо номи «Пойтахт» ва синфхои 11 «Б» бо номи «Вахдат» гузаронида шуд. Хар ду гурух ба 8 тоги саволхо бо забони точики ва руси чавоби пурра ва мушаххас доданд. Газетахо, рефератхо, кадбонухои бехтарин, бо ифтихорномахо ва тухфахо сарфароз гардонида шуданд.
Сарконун-каломи зиндагиафруз
Бахшида ба 20-солагии Конститутсия (Сарконун)-и Чумхурии Точикистон аз 29.10 то 5.11.2014 дар чамъомади пагохирузи хонандагони синфхои 5 «А,Б»,9 «А,Б» оиди Конститусия, хукук ва озодии шахрвандон аз моддаи 14 то 47 боби 2-юму 4-ум маълумот доданд .Инчунин аъзоёни созмони талабаги оид ба донистани Сарконун анкета пурсишнома омода намуда, бо хонандагони синфхои 8-11 саволу чавоби шифохи гузарониданд. Бахшида ба рузи Сарконун дар синфхо соатхои тарбияви гузаронида шуда, хонандагон реферат, иншо, газетаи девори ва слайдхо тайёр намуданд.
Рузи 3-юми ноябр дар литсей конференсияи илми-адаби дар мавзуи «Сарконун-каломи зиндагиафруз» баргузор гардид, ки байни хонандагони синфи 8 «А» бо номи «Сарконун», синфи 8 «Б» бо номи «Конун» викторина ташкил карда шуд, хонандагони синфи 8 «А голиб дониста шуданд.
Сипас хонандаи синфи 2- «А» Тошматов Бобочон, бо суруди Точикистон хотири хозиринро шод намуд.
4.11.2014 байни духтарони синфи 10 , 11 мизи мудаввар дар мавзуи «Хукук, озоди ва вазифахои шахрвандон» гузаронида шуд, ки духтарони синфи 11 голиби озмун дониста шуданд.
Аз чониби маъмурият хонандагоне, ки дар ин чорабинихо иштироки фаъолона доштанд бо ифтихорномахо кадрдони карда шуданд.
«Муаллим устоди аввалин аст»
Дар литсей хамасола рузи Омузгор ботантана кайд карда мешавад. Имсол низ аз 01.10.2014 то 03.10.2014 хонандагони синфхои 2 «А», 2 «Б», 3 «А», 4 «А» дар чамъомади пагохирузи иштирок намуда, оид ба васфи омузгор барномахои омоданамудаи худро пешкаш намуданд.
Рузи 03.10.2014 дар чамъомади пагохирузи рузи Омузгор ботантана чашн гирифта шуд. Дар ин чорабини хонандагони синфхои 5 «Б», 4 «Б», 6 «А», 11 «А», 11 «Б» иштирок намуданд. Сахначае, ки хонандагони синфи 4 «Б» бо номи «День учителя» намоиш доданд, хеле чолиби диккат буд. Хонандагони синфи 5 «А» бахшида ба иди Омузгор газетаи девори омода намуданд. Байни хонандагони синфхои 8 «А» ва 8 «Б» мусобикаи варзиши ташкил карда шуд.
Аъзоёни созмони талабагии литсей хамчун рамзи эхтиром барои омузгорон сипоснома омода намуданд, ки дар рузи баргузории чорабини ба омузгорон супорида шуданд.