Ахборот ЛДДТТ
Бахшида ба 25- умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ чорабинии умумилитсейӣ дар мавзӯи «Ифтихоре аз Ватан моро бас аст» - рӯзи 23 феврал доир гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ соатҳои тарбиявии намунавӣ дар мавзӯи “Китоб сарчашмаи ақл аст” синфи 1 “А” ва “Книга мой лучший друг” синфи 1 “Б” аз тарафи омӯзгорон Раҳимова Н.Ҳ. ва Белоусова В.А. дар таърихи 20.02.2018 гузаронида шуд. Дар синфҳои 5 “Б”, 8 “Б”, 9 “Б” ва 10 “А” соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои “День защитников Отечества”, “Мы защитники Родины”, “Защитите Родину”, “Муҳофизи Ватан манам” гузаронида шуд.
Рӯзи 17 феврал аз рӯйи нақша-чорабиниҳои литсей оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маҷлиси умумилитсейии падару модарон гузаронида шуд, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт:
1.Ҷамъбасти нимсолаи I-и соли таҳсили 2017-2018 (Гулмаҳмадов С.- муовини директор оид ба таълим)
2.Баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 22.12.2017 (Султонов М.- муовини директор оид ба фаъолияти инноватсионӣ)
3.Маърӯза: “Мавқеи оила, муассисаи таълимӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак” (Абдураҳмонова М.С.- роҳбари синфи 4 «А»)
4.Муаррифии кори омӯзгорони литсей бо журнали электронӣ (Разоқов Ф.-мутахассис оиди кор бо тестҳо ва журнали электронӣ)
Аз 21 то 26 – уми моҳи майи соли 2018 дар бинои Душанбе – Плаза ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар форум хонандагони синфи 10 – и литсейи ДДТТ Абдураҳмонзода Солеҳ ва Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон ширкат варзиданд. Боиси хурсандист, ки Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон бо лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар байни 137 лоиҳаи пешниҳодгардида сазовори ҷойи ифтихорӣ, Диплом ва туҳфаи хотиравӣ гардид.
16.02.2018 бо ташаббуси хонандагони синфи 11 “А” ва дастгирии падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон аз ҳаёти тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии №1 – и ноҳияи Фирдавсӣ, ки зертобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аст, дидан намуданд. Ва инчунин 50 адад тӯҳфаҳо, ки ашёҳои хонишро дар бар мегирифтанд ба онҳо тақдим карда шуд.
Рўзи Мењру моњи Мењру љашни фаррух Мењргон,
Мењр бифзой, ай нигори моњчењри мењрубон.
Мењрубонї кун ба љашни Мењргону рўзи мењр,
Мењрубонї кун ба рўзи мењру љашни Мењргон.
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар литсейи Донишшгоњи давлатии тиљорати Тољикистон дар таърихи 20.10.2017 бахшида ба ин ид Конфронси илмї – адабї дар мавзўи «Кишти боровари дењќон» бо шукуњу шањомати хоса љашн гирифта шуд. Конфронсро хори умумї аз њисоби хонандагони синфи 7 «А» ва композитсияи хело љолиби «Тирамоњи зарин» аз њисоби хонандагони синфи 9 «Б» њусни оѓоз бахшиданд. Дар конфронс маърўза, ќироати шеърњо, маълумот дар бораи растанињои доругї ба самъи ҳозирин расонида шуд. Инчунин слайди омоданамудаи хонандаи синфи 7 «Б» Каримиён Анушервон оид ба меваю сабзавотњо намоиш дода шуд. Инчунин корҳои эҷодии хонандагон, ки бо истеъдоду маҳорати баланд тайёр карда шуда буданд, аз тарафи аъзоёни њакамон бањогузорї карда шуданд.