Ахборот ЛДДТТ
Бо суханҳои «Хонед, дониш омӯзед, чунки имрӯзу фардои мамлакати мо дар дасти шумо - бачагон аст» барномаи адабӣ – бадеӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар мавзӯи “Кӯдакон – имрӯзи мо, ояндаи мо” оғоз карда шуд.
Мудофиаи шаҳрвандї маљмўи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавї ва муҳофизатие мебошанд, баҳри ҳимояи аҳолї, иќтисодиёт ва Тољикистон то оѓоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои љангї равона шудаанд. Дар таърихи рўзи 19.05.2018 бахшида ба рўзи мудофиаи шаҳрвандї чорабинии умумилитсейї дар мавзўи «Муҳофизони ояндаи миллат» баргузор карда шуд. Маќсади асосии гузаронидани чорабинї баланд бардоштани донишу малакаи амалии хонандагон оид ба пешгирї ва рафъи оќибатҳои фавќулодда, ташаккул додани муносибатҳои љиддї ба ҳаёти шахсии худ ва бехатарии одамони дигар, сари ваќт расонидани ёрии аввалин ба одамонро дар бар мегирифт.
Дар литсей конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 140-солагии Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд...” рӯзи 20.04.2018 гузаронида шуд, ки ҷиҳатҳои таълимию тарбиявии зиёд дошт. Зери садои мусиқии форам рӯҳи адиб ба саҳна баромада, лаҳзаеро аз ҳаёти худ қисса мекунад:
Биёед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
«Фикри соиб ва ҳаракати дуруст пайдо намешавад инсонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад магар аз мактабу мадорис»,- гуфтааст Садриддин Айнӣ.
Бо маќсади рушди ҳамаљонибаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиљорати Тољикистон дар байни хонандагони синфҳои 9-11 озмуни «Суфраи кадбону» дар мавзӯи «Оши болаззат» гузаронида шуд, ки иштирокчиёни озмун намудҳои гуногуни оши палав, аз ќабили «Оши буѓӣ», «Оши токӣ», «Оши як ба як», «Бедонапалав», «Палав бо тухм», «Палави ҳаваскор (любительский)», «Палави тољикӣ»-ро дар сатҳи баланд омода намуда, пешкаши аъзоёни ҳакамон гардониданд. Озмун бори дигар собит сохт, ки духтарони тољик баҳри зинда гардонидани анъанаҳои гузаштагони хеш омодаанд ва дар ҳаёти мустаќилона худ аз ин ҳунарҳо истифода намуда, баҳри пойдорӣ ва беҳбудии зиндагиашон метавонанд саҳмгузорӣ намоянд. Дар чорабинии мазкур муассиси литсей ректори ДДТТ профессор Фақеров Ҳ.Н. иштирок намуда, ба ҳунари пазандагии духтарон баҳои баланд доданд.
Бо пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз 6 марти соли 2009, 8 март – Рӯзи Модар эълон гардид ва ҳар сол ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Дар литсей низ ин рӯзро бо як масъулияти баланд пешвоз гирифтанд. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Аё модар, сутуни хонадонам», ки рӯзи 6 март дар толори Донишгоҳ баргузор гардид, гуфтаҳои моро тасдиқ мекунанд. Конференсия хеле ҷолиб, таъсирбахш ва диданӣ буд. Дар омода намудани гулдухтарон, шартҳои озмун, қироати шеъру таронаҳо, саҳначаҳо, гуфтаҳои бузургон дар васфи модар, иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст” омӯзгорон Мисайнова Г.М. ва Шукурова С.М. ин чорабиниро дар сатҳи хеле баланд таҷлил намуданд.