Ахборот ЛДДТТ
Навруз дар литсейи ДДТТ
Дар таърихи 15уми марти соли 2014 Литсейи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон дар толори бинои таълимии №2 чорабинии умумилитсейии худро бахшида ба чашни байналмилалии Навруз дар мавзуи «Точикистон Ватани Навруз аст» тачлил намуд.
Чорабиниро хурдтаракони литсей бо барномаи театрикунонидашуда бо номи «Муждаи бахор» огоз намуданд.
Дар чорабини устодони Раёсати Донишгохи давлатии тичорати Точикистон ва ректори донишгох профессор Шарипов МуминЧон Машокирович иштирок намуданд.
Ректори донишгох хамаи толибилмон, омузгорони литсейро бо ин чашни пуршукух табрику тахният гуфта кайд намуданд, ки Навруз яке аз бошукухтарин чашнхои кавми Ориёи ва мардуми форсизабон аст. Хикмати Навруз ончунон кави аст, ки аз махдудаи мардумони форсизабон фаротар рафта ба як чашни фаромилли дар машрикзамин табдил ёфтааст.
Хонандагони литсей бо раксу сурудхои чолиб, сахначахои хачвии наврузи, дубайтхои наврузи хотири хозиринро шод гардониданд.
Максади гузаронидани чорабинии наврузи ин нигох доштан ва инкишоф додани фархангу анъанахои милли, омузиши таърих ва тахкики маросиму идхои анъанави. ва дар рухияи ватандусти ва ифтихори милли, тарбия намудани хонандагон мебошад.
Дар анчоми чорабини директори литсей номзади илми физика- математика Махмадуллоев З.Н. ба омузгорону хонандагоне, ки дар сатхи баланд омода намудани барномаи фарханги- маърифатии чашни сахми сазовор гузоштаанд изхори миннатдори баён намуда барояшон дар омад-омади фасли растохези бахор, хонаи обод, сарсабзию сарбаланди таманно намуданд.
Дар таърихи 19.03.2014 наврузи Донишгохи давлатии тичорати Точикистон баргузор гардид.
Дар баробари устодони донишгох омузгорони литсей; Шукурова Сарвиноз, Санифаи Мухиддин барои фаъолияти пурсамар дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Чумхурии ТоЧикистон сарфароз гардонида шуданд. Омузорони собикадор ва чавоне, ки дар баланд бардоштани сатхи сифати таълим хиссагузоранд бо мукофоти пули кадрдони карда шуданд. Инхо:
Каландаров Неъматулло, Махсумова Рахима, Нурова Нозгул, Саидниёзов Алишер, Холматов Фаррух.
Инчунин ду нафар хонандаи литсей, Азизмуродов Одилчон ва Бобоев Эмомали ки дар Олимпиадаи байналхалки дар шахри Казокистон сохиби медалу ифтихорнома гардиданд, бо мукофотпули дар хачми 1200 сомони хавасманд карда шуданд.
Оиди гузаронидани конфронс бахшида ба рузи «Модарон»
Чи тавре, ки маълум аст бо пешниходи Президенти кишвар Эмомали Рахмон, аз 6 марти соли 2009, 8 март – рузи «Модарон» љашн гирифта мешавад ва хар сол ин руз бо шукуху шахомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Дар литсейи ДДТТ хам ин рузро бо як масъулияти баланд пешвоз гирифтанд. Аз тарафи Шурои духтарони литсей дар таърихи 7.03.2014 бо рохбарии раиси Шурои духтарон Рахмонова М.Э бахшида ба ин љашн конфронси илми-амали дар мавзуи «Модар – эхёгари зиндаги ва илхомбахши рузгор» дар сатхи баланд гузаронида шуд.
Максад аз гузаронидани ин чорабини тарбия намудани хонандагон дар рухияи инсондусти, ифтихори ватандори, эхтироми арзишхои милли, умумибашари ва фарханги, хурмату эхтиром нисбати мода рва дарк кардани бузургии он мебошад.
Пеш аз гузаронидани ин чорабини толор бо рузномахои љашни, гулхо ва навиштаљотхо дар васфи «Модар» оро дода шуд. Конфронс ба таври мусобика байни ду гурухи духтарон бо номи «Гулчехра» аз хисоби духтарони синфи 11 ва бо номи «Паричехра» аз хисоби духтарони синфи 9 гузаронида шуд.
Конфронсро намоиши либосхои милли тахти садои мусики ва ситоиши модар аз тарафи хонандаи синфи 10 «Б» Ризоева Дилноза хусни огоз бахшиданд. Сипас барандахо Ризоева Дилноза ва Шукрияи Гулмад хозиринро бо барномаи конфронс шинос намуданд, ки аз чунин иборат буданд:
1.Саломнома
2.Монолог дар бораи Модар
3.Ракси якка
4.Бофтани муй
5.Аллаи модар бо парпеч кардани кудак
6.Намоиши либос ва дастранљхои милли
7.Тарзи тайёр намудани хуриш ва ороиши дастархон
8.Бехтарин реферат ва рузномахои девори
Барандахо ахли нишастро бо хакамон шинос намуданд ва суханро барои хондани маъруза дар мавзуи «Ноёбтарин неъмати дунё» ба хонандаи синфи 8 «Б» Беназири Саидмирзо доданд.
Хаминро кайд кардан зарур аст, ки дар вакти эълон намудани хар як баромад барандахо бо кироати шеър дар васфи модар навбатро ба иштирокчиёни озмун медоданд.
Хар ду гурухи духтарон бо як санъати баланд шартхои озмунро иљро намуданд. Ва гурухи духтарони синфи 11 бо номи «Паричехра» бо гирфтани 38 хол голиби мусобика дониста шуданд. Дар ин конфронс фаъолияти хуб аз љониби гурухи «Паричехра» Махмадуллоева Мехрангез, Ахадова Насиба, Одинаева Нигора, Баходурова Фарзона ва аз гурухи «Гулчехра» Шарипова Нигина, Мадинаи Сайвали, Султонова Хилола баръало хис карда шуд.
Дар охир директори литсей Махмадуллоев Зафар Насуллоевич барномаро љамъбаст намуда, иштирокчиёнро бо тухфахои хотирави ва ифтихорномахо хавасманд гардониданд.
Раиси Шурои духтарон: Рахмонова М.Э.
Рузи 5-уми ноябр дар литсей конференсияи илми-адаби дар мавзуи «Конститутсия хомии халк» бахшида ба 19- умнн солгарди Конститусия (Сарконун)-и ЧумхурииТочикистон гузаронида шуд.
Гузаронидани чорабини дар зиммаи муаллимони фанни таърих ва хукук Махсумова Р. ва Пулодов Ш. гузошта шуда буд. Накша чорабини оиди гузаронидани ин санаи таърихи аз тарафи чонишини директор оид ба корхои тарбияви Ниёзбекова Г.А.тартиб дода шуда, хамаи рохбарони синфхо вазифадор карда шуданд, ки аз руи накша соатхои синфи, тарбияви ва дигар чорабинихои ба накша гирифташударо бо як масъулияти баланд ба ичро расонанд. Дар чамъомади пагохирузи синфхои 5 «А,Б»,9 «А,Б» оиди Конститусия, хукук ва озодии шахрвандон аз моддаи 14 то 47 боби 2-юму 4-ум маълумот доданд .Инчунин аъзоёни созмони талабаги оиди донистани Сарконун аз хонандагон анкета гирифтаанд ва саволу чавоб гузарониданд. Бахшида ба рузи Сарконун хонандагон реферат, газетаи девори ва слайдхо тайёр намуданд. Аз гузаронидани чунин чорабинихо шавку завки хонандагон нисбати фанни хукук зиёд гардида аз хукуку озодихои худ бархурдор мегарданд ва метавонанд дар бунёди чомеаи хукукбунёд сахми худро гузоранд. Аъзоёни иттиходияи методии фанхои чамъияти гуманитари чорабиниро бо як муттахиди ва дар сатхи баланд гузарониданд. Чорабини ба тарики озмун гузаронида шуда хонандагои синфи 11 «А» чойи аввалро ишгол намуда
Аз 27 феврал то 2 марти соли 2014 дар шахри Алма-атои Чумхурии Казокистон олимпиадаи IV-уми байналхалкии ба номи академик О. Джолдасбеков аз фанни математика баргузор гардид, ки дар ин олимпиада намояндагони Федератсияи Руссия, Чумхурии Казокистон , Чумхурии Узбекистон , Чумхурии Туркманистон, Чумхурии Киргизистон, Чумхурии Точикистон иштирок доштанд ва беш аз 400 лоихаи илми пешниход шуда буд. Хонандаи синфи 11”б”-и Литсейи Донишгохи давлатии Тичорати Точикистон Азизмуродов Одилчон ва хонандаи синфи 8”а” Бобоев Эмомали дар ин Олимпиада иштирок намуда сазовори сертификатхову дипломхои дарачаи lll ва сохиби медалхои биринчи гардиданд.
Колективи Омузгорон ва хонандагони литсей голибонро самимона табрик гуфта ба онхо бурдборихо таманно доранд.
Конференсияи илмӣ- адабӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон
дар мавзӯи «Меҳрубони кун ба ҷашни Мехргон»
Мувофики накшаи солона дар литсей хамасола чашни «Мехргон» ботантана кайд карда мешавад. Рузи 22.10.2013 бахшида ба чашни «Мехргон» конференсияи илми адаби гузаронида шуд, ки мавзухои зеринро дар бар гирифта буд ва бехтаринхо сохиби ифтихорномахо гардиданд.
1. Газетахои бехтарини девори–хонандагони синфхои 8«Б»,5«А»,10«Б»
2. Реферати бехтарин – хонандаи синфи 10 «Б»- Хайринисои М.
3. Албоми бехтарин – хонандагони синфи 8 «Б» Беназирии С.,Тохтаева М.
4. Корхои эчоди аз маводхои табии тайёркардашуда – хонандагони синфхои 6 «А» Махмадуллоев М,11 «А» Баходурзода Ф. 10 «Б» Саиднуриддини
5. Кадбонуи бехтарин – хонандагони синфхои 11 «Б»Махмадуллоева М, 11 «А» Одинаева Н, 10 «Б» Ризоева Г.
Чорабини хеле шавковар ва рангоранг гузашт ,чунки кисматхои зеринро дар бар гирифта буд; Компазитсияи бадеии « Дасти дехкон», маъруза дар мавзуи «Хифзи табиат ва сахми он дар сохаи кишоварзи», маълумот дар бораи «Ахамияти растанихои доруги» ва Викторинаи биологи»- байни синфхои 11 «А,Б» гузаронида шуд, ки синфи 11 «Б» голиб дониста шуд. Инчунин барои болидагии хотири хонандагон суруду раксхои чолиби диккат, ки ба синну соли кудакон мувофик буданд пешкаш гардиданд.
Максади гузаронидани чунин чорабини–ташаккул додани маърифати экологии хонандагон, бедор намудани шавку рагбати хонандагон нисбат ба сохаи кишоварзи, мухофизат намудани табиат, сарватхои табии ва тарзи истифодаи онхо дар шароити кунуни.