Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Мувофиқи нақша – чорабиниҳои беруназсинфӣ рӯзи 16.12.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлаии тиҷорати Тоҷикистон дар байни хонандагони синфи 3 “А” ва 3 “Б” озмун бо номи “Дар олами афсонаҳо” гузаронида шуд. Дар озмун хонандагони ҳар ду гурӯҳ малакаю маҳорати хуб нишон доданд ва дар натиҷа ҳар ду гурӯҳ ғолиб гардиданд.

Дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 15.12.2021 дарси намунавӣ аз фанни табиатшиносӣ дар синфи 3 “А” дар мавзӯи “Олами зинда” бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.

Дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 14.12.2021 дарси намунавӣ аз фанни математика дар синфи 3 “Б” дар мавзӯи “Деление круглых чисел с остатками” бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.

Санаи 15.12.2021 дар синфи 6 "А" аз фанни география дарси намунавӣ дар мавзуи "Вулқонҳо, баҳрҳо ва уқёнусҳо" аз тарафи омӯзгори ҷавон Амонов Хуршед бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.

Санаи 07.12.2021 дар литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ дар байни хонандагони синфҳои 2 – 4 озмуни ҳусни хати беҳтарин дар мавзӯи  “Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст”  гузаронида шуд. Дар озмун 25 нафар хонандагон иштирок карданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ҳусни хати хонандагони зерин беҳтарин ҳисобида шуд.

Сафаров Бахтовар, Хоҷагелдиева Аҳдия  – синфи 2 “А”;

Бобоқулова Шукрона, Кабирзода Дилноза – синфи 3 “А”;

Тураева Меҳрона, Машмадов Мустафо – синфи 3 “Б”;

Дилшодзода Самия, Касирова Малика – синфи 4 “А”;

Султонова Сумая, Шарипова Мамлакат – синфи 4 “Б”.