Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз 20.12.2021 то 25.12.2021 ҷиҳати омодагӣ ба даврҳои минбаъдаи озмун гузаронидани даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама, кашф ва дарёфти истеъдодҳои нав, бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва омӯзгорон ба шумор меравад.

20.12.2021 тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар литсей аввалин шуда номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” ва номинатсияи “Химия” ба баргузории озмун ҳусни оғоз бахшиданд, ки дар он 28 нафар хонандагон иштирок намуданд. Ба довталабони даври аввали озмун барору комёбӣ таманно дорем.

Санаи 18.12.2021 дарси намунавӣ аз фанни алгебра дар мавзӯи “Решение примерных задач” дар синфи 11 "Б" бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.

Санаи 16.12.2021 дар литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ тибқи ҷадвали дарсҳои намунавӣ дар синфи 3 “Б” аз фанни табиатшиносӣ дар мавзӯи “Органы чувств” бо иштироки роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ва бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва воситаҳои техникии муосир дарси намунавӣ гузаронида шуд.

Санаи 18.12.2021 дарси намунавӣ аз фанни биология дар мавзӯи "Таркиби хун. Плазмаи хун" дар синфи 9 "А" бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.

Санаи 17.12.2021 дар синфи 8 “А” дарси намунавӣ аз фанни химия дар мавзӯи “Гидроген, кислотаҳо” бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим ва технологияи муосир гузаронида шуд.