Ахборот ЛДДТТ
Самти олимпиада дар муассиса яке аз рукнҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор рафта, иштироки фаъолонаи хонандагон донишу малака ва маҳорати онҳоро тақвият медиҳад. Ҳамасола хонандагони литсей дар олимпиадаҳои фосилавии «Видеоурок» ва «Инфоурок» дар шаҳри Смоленск-и Федератсияи Россия аз фанҳои забонҳои русӣ ва забони англисӣ иштирок мекунанд.
80 сол пеш мардуми Шӯравӣ баҳри ҳифзи Ватан бархоста 08.05.1945 ба Олмони фашистӣ ғалаба карданд. Дар баробари дигар миллатҳо 300 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ дар ин ҷанг ширкат карда 54 нафарашон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд.
Бар хати марзи Ватан хокам кунед,
То шавад санги мазорам сангаре.
Санаи 28.04.2021 бозии «Викторина» дар байни хонандагони синфҳои 4 «А» ва 4 «Б» аз фанни забони англисӣ дар ва дар мавзӯи «The birds are our friend», яъне «Паррандагон дӯстони мо ҳастанд» гузаронида шуд. Дар натиҷа хонандагони синфи 4 «А» сазовори 15 – хол ва хонандагони синфи 4 «Б» сазовори 19 – хол гардиданд.
Рӯзи 3.05.2021 дар литсейи ДДТТ бахшида ба 110 – солагии яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёт, шоиру нависанда, тарҷумон, вассофи сулҳу дӯстӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар…» мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои 4, 6, 7, 8 ва 10 иштирок намуданд.
Санаи 28.04.2021 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи Физика бо иштироки 54 нафар хонандагони синфҳои 7 – 11 гузаронида шуд. Аъзоёни ҳакамон ғолибонро муайян менамоянд.