Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Дар санаи 15.04.2021 бахшида ба 143-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ бо иштироки хонандагони синфҳои 5-10 викторина таҳти унвони «Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам» баргузор гардид. Дар оғоз хонандагони синфи 7 саҳначаеро аз асари «Мактаби куҳна»-и устод пешкаш намуданд. Дар бораи паҳлуҳои ҳаёт ва рўзгори Айнӣ, фаъолияти шоирӣ ва нависандагии ў хонандагони синфҳои 6 ва 8 бо истифода аз презентатсия маълумотҳои дақиқу пурра пешниҳод намуданд. Дар қисмати ҷамъбастӣ мебоист хонандагон   муаллифи порчаҳои назмӣ  ва дар кадом асари устод Айнӣ истифода намудани онҳоро пайдо мекарданд. Дар ин қисмат хонандагони синфи 5 фаъолияти хуб нишон доданд.

Ассалом, эй зи ҳама рӯйи ҷаҳон зеботар!

Ассалом, эй зи ҳама аҳли замон донотар!

Ин саломест, ки мо аз дилу ҷон овардем,

Туҳфа аз ҷон ба дили оламу одам кардем!

       Зери зам-замаи ин мисраъҳо дар синфи 5 «А» санаи 13.04.2021 аз тарафи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Раҷабова Ниёзбибӣ Тағоевна бахшида ба бузургдошти Асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Садриддин Айнӣ дарси кушоди намунавӣ таҳти унвони «Ҳаёт ва фаъолияти адабии Садриддин Айнӣ» гузаронида шуд. дарс аз рӯйи низоми таълими босалоҳият гузаронида шуда, хонандагон ба се гурӯҳ: «Соктаре», «Ғиждувон» ва «Бухоро» ҷудо карда шуда буданд. Намояндагони гурӯҳҳо паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти адабии устодро бо шоҳбайтҳо, порчаҳои насрӣ, чистону рубоиҳо муаррифӣ намуданд. Дар дарс инчунин аз фигураҳои геометрӣ пайдо намудани рубоии дар оғози асари «Ёддоштҳо» ҷойдошта истифода бурда шуд, ки диққати хонандагонро бештар ҷалб намуда дар охир ба ҳадафи гузоштаи омӯзгор расиданд, яъне ҷавоби дурустро аз дохили фигураҳо пайдо карда, ба кадом жанри адабӣ мансуб будани онро кушоданд.

Рӯзи 12.04.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз тарафи иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ ва роҳбари гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 -2040” Маҳфили заковат: Озмуни математикӣ дар мавзӯи «Донистан хуб аст» байни хонандагони синфҳои 3 – 4 гузаронида шуд. Озмун аз ду бахш иборат буд. Дар бахши аввал саволҳои мантиқӣ ва дар бахши дуюм саволҳои математикӣ пешниҳоди хонандагон гардиданд. Дар ҷамъбасти озмун хонандагони синфҳои 3 «Б» ва 4 «Б» ғолиб гардиданд.

Дар литсей бахшида ба “Рӯзи кайҳоннавардон” викторинаи таълимӣ – тарбиявӣ бо номи «Мо - ҳамқадами замон» гузаронида шуд. Дар он ду гурӯҳ хонандагони синфи сеюм иштирок намуданд. Хонандагони синфи 3 «А» бо номи «Кайҳон» ва хонандагони синфи 3 «Б» бо номи «Замин» байни якдигар сабқат намуданд. Викторина аз се бахш иборат буд: пурсишу посухҳо, баҳси озод дар мавзӯи «Мо ҳамқадами замон» оид ба «Сафари бозгашт ба Миррих» ва бозии «Зӯри зеҳн». Дар ин викторина хонандагони синфи 3 А бо бартарии 15 хол ғолиби викторина гардиданд. 

Санаи 09.04.2021 дар литсейи ДДТТ озмуни “Зӯри зуҳн” дар мавзӯи “Рӯдакӣ дар рақамҳо” байни синфҳои 10 “А” ва 10 “В” гузаронида шуд, ки дар натиҷа хонандагони синфи 10 “В” ғолибият ба даст оварданд.