Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Санаи 27.04.2021 дар Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи Биология бо иштироки 62 нафар хонандагони синфҳои 5 - 11 гузаронида шуд. Аъзоёни ҳакамон ғолибонро муайян менамоянд.

Санаи 26.04.2021 дар Литсейи ДДТТ озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи Химия бо иштироки 61 нафар хонандагони синфҳои 5 - 11 гузаронида шуд. Дар озмун ба хонандагон шаш масъалаи амалӣ ва чаҳор масъалаи назариявӣ пешниҳод карда шуд, ки қисмати зиёди хонандагон аз иҷрои супоришҳои додашуда ба хубӣ баромада тавонистанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ҳамасола барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 озмуни номбурда дар сатҳи баланд гузаронида шуд, ки дар он хонандагони Литсейи ДДТТ низ иштирок доштанд. Боиси хушҳолист, ки аз миёни онҳо чаҳор нафар:

1. Иноятзода Умедҷон

2. Иноятзода Шаҳноза

3. Шамолова Нигора

4. Мамадризобеков Файёз

Санаи 24.04.2021 дар литсейи ДДТТ бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи номинатсияи Математика (арифметика, алгебра, геометрия) бо иштироки 67 нафар хонандагони синфҳои 5 - 11 гузаронида шуд. Аъзоёни ҳакамон ғолибонро муайян менамоянд.

Тоҷикистон, сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст,

Бари ҳар буттаи хори ту бароям чаман аст.

                                                                           Гулрухсор

Рӯз то рӯз саҳну гулгаштҳои Душанбешаҳр боз ҳам зеботару дилоротар мегардад. Маконҳои фарҳангию фароғатиаш ба инсон ҳаловати хоса мебахшад. Ин аст, ки ҳамасола “ҳафтаи Душанбешаҳр” таҷлил карда мешавад, ки симои Душанбешаҳрро ба куллӣ дигар мекунад.

Дар ин раванд литсейи ДДТТ бо як гурӯҳи хонандагони синфҳои болоӣ (9 - 11)  аз “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон - Боғи Ирам” дидан намуданд. Сайру гашт ва дидан намудан аз марказҳои дилфиреби Душанбешаҳр ба хонандагон таъсири мусбат расонида, дар руҳияи онҳо ҳисси зебоипарастиро бедор менамояд.