Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Санаи 8.04.2021 8-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” вобаста ба амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинар-машварати ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани саводи иттилоотӣ - коммуникативӣ дар раванди таълим” баргузор гардид, истифодаи самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таҳсил, баланд бардоштани илму маърифати техникии ҷавонон дар асоси технологияи муосир бори дигар таъкид карда шуд.

Дар семинари мазкур омӯзгори фанни технологияи иттилоотии  литсейи  ДДТТ  Разоқов Фазлиддин З. дар мавзӯи “Истифодаи журнали электронӣ” баромад намуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.

Рӯзи 6 – уми апрел аз тарафи Сарраёсати маорифи шаҳр дар муассисаи Маркази кӯдакону наврасон даври дуюм (шаҳрӣ) – и озмуни “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Боиси хурсандист, ки аз литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон омӯзгори фанни физика Сабзалиева Гулшод Ёралиевна, ки ғолиби даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол – 2021” дар ноҳияи Фирдавсӣ гардида буд, дар ин озмун иштирок намуда, аз тарафи ҳайати ҳакамон соҳиби холи баланд гардид.

Дар санаи 6 – уми апрели соли 2021 дар литсей ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон барои соли таҳсили 2021 – 2022 ва дарёфти хонандагони боистеъдод бо ташаббуси аъзоёни иттиҳодияи фанҳои табиӣ – математикӣ даври интихобии олимпиада аз фанни математика дар байни хонандагони синфҳои 5 – 10 гузаронида шуд. Дар даври интихобӣ 34 нафар хонандагони синфҳои 5 – 10, ки ба фанни математика шаақу рағбати зиёд доштанд, иштирок намуданд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ - математикӣ ва литсейи  ДДТТ барои соли таҳсили 2020-2021   бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш  ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»  аз 05.04 то14.04.2021   даҳаи  фанҳои  астрономӣ-физикӣ    гузаронида шуда истодааст, мутасаддии он омӯзгори фанни физика ва астрономия Сабзалиева Гулшод Ёралиевна мебошад. Дар рафти баргузории даҳаи фаннӣ  озмунҳои гуногун, аз қабили «Тасвири расмҳо дар рӯйи замин (асфалт)»  дар мавзӯи «Мо ва кайҳон» дар байни синфҳои  1-6 рӯзи 8.04.2021  дар саҳни литсей   ва  озмуни дигар  «Расмҳои беҳтарин»  дар мавзӯи  «Кайҳон аз назари кӯдакон»   рӯзи 5.04.2021  дар байни хонандагони  синфҳои 1-4  гузаронида  шуда, натиҷаи он аз тарафи ҳайати  ҳакамон  ҷамъбаст  карда  шуд.

Рӯзҳои 3-юм ва 4-уми апрели соли 2021 дар муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ  » дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии  олимпиадаҳои фаннӣ багузор гардид.

Дар олимпиадаи мазкур 579 нафар хонанда аз 318 муассисаи таълимии  61 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Хушбахтона 2 нафар хонандаи синфи 11-и Литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ин олимпиада иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Шарипова Таманно – фанни забон ва адабиёти тоҷик – ҷойи дуюм, медали нуқра.

Раҳмонов Хушнуд – фанни забони давлатӣ – ҷойи 3-юм, медали биринҷӣ.

Ин ғолибиятро ба аҳли коллективи омӯзгорони литсей ва хусусан ба омӯзгор Қаюмова Зумратбӣ Набиевна, ки ин хонандагонро ба олимпиадаҳо омода намудааст, табрик менамоем.  Маъмурияти литсей ин дастовардро туҳфаи навбатӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад.