Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Имсол  Наврӯзи байналмилалии литсей дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 19-уми марти соли 2021 гузаронида шуд.

Ҷамъомади тантанавӣ нахуст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оғоз гардид.  

Сипас, барномаи фарҳангии чорабинӣ пешкаши омӯзгорону муҳассилин гардонида шуд.  Композитзияи баҳорӣ, ки дар он хонандагони  литсей бо  либосҳои  миллии чакану адрас иштироки фаъол доштанд, ба ҳусни маърака зобоии тозае бахшид.

Дар идомаи ҷамъомад як гурӯҳ омӯзгорону кормандони фаъол   бо мукофотҳо ҳавасманд гардонида шуданд. Аз ҷумла, барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз Пулотов Шараф-омӯзгори фанни таърихи литсей бо нишони   Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Султонова Орзу-омӯзгори фанни забони англисӣ, Абдураҳимова Ҳанифа, Бердибекова  Оиша-омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

           Санаи 13.03.2021 дар толори маҷлисгоҳ воқеъ дар бинои таълимии №2-и  донишгоҳ љињати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Консепсияи миллии тарбия  маҷлиси умумилитсейии падару модарон гузаронида шуд.

Рӯзномаи  маҷлис аз  масъалаҳои зерин иборат буд:

·       Баррасии Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.20021 оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф  гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

·       Татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар литсей;

·       “Мақоми оила дар тарбияи фарзанд” - маърӯзаи роҳбари Созмони хонандагони литсей;

·       Масъалаҳои ҷорӣ.

Дар маҷлиси умумилитсейӣ 334 нафар  падару модарон иштирок карданд.

Бо мақсади ҷалби кӯдакон ва наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бахшида ба 28 солгарди Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейи ДДТТ бозии серҳаракати варзишии “Офарин” гузаронида шуд. Хонандагони синфҳои 4 “А” ва 4 “Б” (бо номи “Истиқлол” ва “Смелые – умелые”) миёни ҳамдигар сабқат карда, аз худ як бозии зебоеро нишон доданд. Бозии варзишӣ мувофиқи Низомнома аз 5 давр иборат буд, ки аз ҳарду тараф 20 нафар (10 нафарӣ аз ҳар даста) иштирок намуданд. Хонандагони синфи 4 “Б” бо бартарии як хол ғолиби мусобиқа дониста шуданд.

Дар санаи 05.03.2021 мувофиқи нақшаи солонаи литсей бо мақсади зиёд намудани ҳурмату эҳтиром нисбати модар ва дарк кардани бузургии ӯ, дар бинои таълимии №2 – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи адабӣ- бадеӣ таҳти унвони «Зиннати боғи ҷаҳонӣ, модарам» баргузор гардид. Чорабинӣ бо маърӯзаи хонандаи синфи 10 «В» Ҷангиев Абубакр дар мавзӯи «Ту бароям ганҷи бебаҳоӣ, модар» оғоз гардид. 

Қоидаи илм ҳамин аст хос,                               
Ки диҳад аз ҷаҳлу такаббур халос.

Биноӣ

Ҳақ ба ҷониби соҳиби сатрҳост. Илм ягона василаест,ки инсонро аз сатҳи ҷаҳолат ба авҷи хирад мерасонад. Омухтани илм ва дар амал тадбиқ намудани он вазифаи ҳар як соҳибхирад ба ҳисоб мераваду ҷойгоҳи илм бошад бузург аст.  Бинобар ин омӯхтани илм барои ҳар як шахс зарур ба ҳисоб меравад. Мактаб заминагузори илмомӯзии ҳар як фард аст.  Литсейи ДДТТ низ баҳри ҷалби хонандагон ба илм пайи талош асту нақша – чорабиниҳои зиёдеро тартиб додааст. Яке аз чунин чорабиниҳо –озмуни интелектуалии “Зӯри зеҳн” ба ҳисоб меравад. Дар таърихи рӯзи 25.02.2021 дар литсей даври якуми озмун миёни хонандагони синфҳои 8 “А” ва 9 “А” гузаронида шуд