Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоли Сомонӣ шуруъ аз соли 2000-ум дар пойтахт ба хотири пешбурди кори тарбиявӣ ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт ба кори худидора, ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд. Мақсадҳои оинномавии Созмони мазкур тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, парвариши инсони комил, ҷалби хонандагон ба кори худидора, ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои кӯдакон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии дорои хусусияти ватандӯстона барои насли наврас мебошад. Ҳама сола дар ҷашнҳои сиёсӣ хонандагони фаъол ба сафи Созмони хонандагон қабул карда мешаванд. Дар таърихи  20.02.2021 дар Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ як гурӯҳ хонандагони фаъол ба сафи Созмони хонандагон қабул карда шуданд, ки дар миёни онҳо 20 нафар хонандагони Литсейи ДДТТ низ буданд.

Дар санаи 19.02.2021 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 - 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Истифодаи  усулҳои инноватсионӣ ва интерактивӣ дар раванди  таълим» бо   методи гурӯҳбандӣ ва иштироки фаъоли ҳамаи омӯзгорон баргузор  гардид. Дар қисми амалии семинар баромадкунандагон Султонова О.Т.-аъзои гурӯҳи идоракунии  сифати таҳсилот  ва Розиқова Рудоба - омӯзгори фанни забони англисӣ  иштирокчиёнро ба гурӯҳҳои : «Таълимгирандагон», «Таълимдиҳандагон» ва «Мушовирон» ҷудо карданд.  Ҳар як гурӯҳ сардори гурӯҳи худро интихоб намуда, дар якчоягӣ фикру андешаҳои ҳамдигарро тақвият доданд ва  дар варақаҳои корӣ андешаҳои худро сабт намуда, аз рӯйи он андешаронӣ намуданд.  Семинарро директори литсей Маҳмадуллоев З.Н. ҷамъбаст намуда, ба омӯзгорон тавсияхои  методиро  пешниҳод намуданд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳар як халқу миллатро аз рӯйи фарҳанг ва тамаддуни бузургаш мешиносанду қадр менамоянд. Бисёре аз бузургон дар саҳифаҳои таърих мавқеъ гирифтаанд. Яке аз онҳо Абулқосим Фирдавсӣ мебошад, ки бо асари безаволи худ “Шоҳнома” машҳури олам гардидааст. “Шоҳнома”, ки асари безаволи Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо ҳаводорони зиёдеро дорад. Ҳукумати кишвар ба хотири пос доштани фарҳанг ва таърихи гузашта миёни мардум озмуни “Шоҳнома” – хониро ба роҳ мондааст, ки ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ таҷлил карда мешавад.

Дар таърихи рӯзи 16.02.2021 дар литсей озмуни “Шоҳномахонӣ” миёни хонандагони синфҳои 4 то 10 баргузор гардид. Озмун бевосита аз ҷониби иттиҳодияи фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ ба нақша гирифта, гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 17 хонанда дар озмун иштирок карда, порчаҳои “Шоҳнома” – ро аз достонҳои гуногуни он қироат карданд.

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои литсей оид ба эълон  гардидани  солҳои 2020-2040  « Бистсоли омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021,  Олимпиадаи байналмиллалии фосилавӣ  аз фанни физика аз 12.02.2021 то 21.02.2021 гузаронида шуда  истодааст. Дар олимпиадаи мазкур  40 нафар  хонандагон  аз синфи 7-11 фаъолона  иштирок карда истодаанд.  Олимпиадаи фосилавӣ таҳти роҳбарии  омӯзгор Сабзалиева Г.Ё аз иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ—риёзӣ гузаронида шуда истодааст.

Аз санаи 08.02.2021 то санаи 13.02.2021 озмӯни Математики беҳтарин” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузаронида шуд, ки дар ин озмун 45 нафар хонандагон аз синфҳои 5-10 иштирок намуда, аз ин шумора 15 нафар ғолибиятро ба даст овардаан. Ғолибон аз тарафи директори литсей бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.