Ахборот ЛДДТТ
«Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Рӯзи 25 – уми декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси умумии падару модарони хонандагони литсей баргузор гардид. Ҷамъомадро директори литсей Ниёзбекова Г.А. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.
Хонандаи синфи сеюми литсей Чиниева Согдиана баъди ишғоли ҷойи якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳуқуқи иштирок намуданро дар даври баъдӣ, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайдо намуд.
Санаи 30-юми ноябр дар маҷмааи варзишии «Сурхон», шаҳри Термизи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни духтарони синну соли 2008-2014 оид ба гимнастикаи бадеӣ даври дуюм баргузор гардид, ки дар он Чиниева Согдиана ширкат намуда, сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Рӯзи 12-уми декабри соли 2019 дар литсейи ДДТТ бо мақсади табодули таҷриба вохӯрии омӯзгорони забони англисӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳайати 5 нафар бо роҳбарии намоянда аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо омӯзгорон ва толибилмони литсей баргузор гардид. Меҳмонон аввалан аз синфхонаҳои таълимӣ дидан намуданд. Сипас, ба ду соат дарси хонандагони синфҳои 7 ва 9 ворид гардиданд.
Рўзи 22.11.2019 чорабинии умумилитсейї бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи «Парафшон парчамат поянда бодо» гузаронида шуд, ки дар ин чорабинї хонандагони синфњои 1-11, омўзгорон љалб карда шуда буданд. Инчунин дар чорабинї муовини Раиси кумитаи кор бо љавонони ноњияи Фирдавсї Абдуллозода Аминљон ва гирандагони Стипендияи Президенти Тољикистон дар њайати 6 нафар хонандагон аз муассисањои тањсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсї иштирок ва суханронї намуданд ва ба баргузории ин конференсия бањои баланд доданд.