Ахборот ЛДДТТ
Дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» рӯзи 3.02.2021 даври дуюми олимпиадаи дохилитсейӣ аз фанни табиатшиносӣ дар байни хонандагони синфҳои 2 – 4 гузаронида шуд. Дар олимпиада 38 нафар хонандагони синфҳои 2 – 4 иштирок намуданд. Аз ин шумора 21 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар таърихи рӯзи 10.02.2021 дар синфхонаи математика миёни синфҳои аз 3 то 7 озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи “Тоҷикистон ватани азизи ман” доир гардид. Хонандагон тавонистанд аксҳои зебоеро аз назари худ тасвир намуда пешкаш намоянд. Расмҳои беҳтарин ба телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” фиристода шуд.
Боиси хушнудист, ки толибилми синфи 11-и литсейи ДДТТ Тағозода Мафтуна, ки дар олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни химия сазовори ҷойи аввал гардида буд, имтиёз пайдо кард то дар озмуни шаҳрӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ ва риёзӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар соли 2020, дар соҳаи химия иштирок намояд ва ғолиби дипломи дараҷаи III гардад.
“Беҳтаринҳо зода намешаванд, онҳоро мо худ аввал муайян карда, сипас бо гузашти вақт ба камол мерасонем”. Оре ин порчаҳо беҳикмат нестанд. Дар миёни ҷомеа ҳастанд афроде, ки аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Рафторашон, гуфторашон ва кирдорашон. Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ низ ҳастанд хонандагоне, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дониши бузург, ахлоқи намунавӣ хоси онҳост. Онҳо доимо талош баҳри фардо мекунанд. Ин гуна наврасонро мегӯянд: “хонандагони болаёқат”. Зеро онҳо на танҳо дар дохили як муассиса, балки берун аз он низ шаъну шарафи муассисаро ҳифз мекунанду боло мебаранд. Чандест, ки дар сар то сари Тоҷикистон озмунҳои гуногун: “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол”. “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман” шуда мегузаранд.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. Мувофиқи нақшаи солонаи литсей рӯзи 24 ноябри соли 2020 чорабинии умумилитсейӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи истиқлолият” гузаронида шуд.