Ахборот ЛДДТТ
Бо ташаббуси муовини директор оид ба тарбия, роњбари Созмони хонандагон, омўзгори фанни забон ва адабиёти тољик ва китобдори литсей дар байни хонандагони синфњои 5-11 озмуни «Шоњномахонї» дар ду давр гузаронида шуд. Ѓолибони озмун рўзи 12.02.2019 дар озмуни «Шоњномахонї», ки дар Муассисаи давлатии телевизиони кўдакону наврасони «Бањористон» баргузор гардид, иштирок намуданд.
Бо ташаббуси роњбари Созмони хонандагон ва китобдори литсей озмуни «Китобхони бењтарин» дар байни хонандагони синфњои 5-11 гузаронида шуд. Дар рафти озмун хонандагон асарњои хондаи худро муаррифї намуданд. Аз дохили асарњои хондаашон аз тарафи њакамон саволњо дода шуд. Дар натиљаи саволу љавоб маълум гардид, ки хонандагон китобњои пешнињоднамудаи худро дар њаќиќат хондаанд ва аз мазмуни онњо бохабаранд.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба роҳбарӣ ва интихоби дурусти касбҳо дар литсей Рӯзи худидоракунӣ, бахшида ба Рӯзи омӯзгор 5.10.2018 ташкил ва гузаронида шуд. Пас аз ба итмом расидани дарсҳо хонандагони дарсгузаронида бо ҳамроҳии устодони худ дар толори маҷлисгоҳ ҷамъ омада, таассуроти хешро оид ба дарси аввалинашон баён намуданд ва иқрор шуданд, ки омӯзгорӣ касби сермашаққат будааст.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу-2019” бахшида ба солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассисаи давлатии театри давлатии Ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов ва дар муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷураев баргузор гардид.
Ассалом, эй зи ҳама аҳли ҷаҳон зеботар,
Ассалом, эй зи ҳама аҳли замон донотар.
Дуруду паёми бепоён ба аҳли илму маориф, бар аҳли зиё, бар ҳама иштирокдорони ҷамъомади имрӯза !