Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон аз фанни Математика(16.04.2017), Маҳмадуллоев Муҳаммадҷон-хонандаи синфи 9 «а» сазовори ҷойи якум дар Форуми V мактаббачагон оид ба технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли ҷавонон»( 20.05.2017) ,Бобоев Эмомалӣ- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),Вохидов Бахром- хонандаи синфи 11 ғолиби Олимпиадаи байналмилали аз фанни Математика (24.06.2017),

Рӯзи 19-феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз  мақоми  байналмилалиро  касб  намуд.

Дар санаи 05. 03. 2020  бо мақсади ташаккул додани ҳурмату эҳтироми хонандагон нисбати зан- модар , дар бинои таълимии раками 2- и ДДТТ конференсияи адабӣ- бадеӣ таҳти унвони «Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст » баргузор гардид. 

Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзи 23.02.2020 ҳашари умумиҷумҳуриявӣ эълон гардида буд.

Омӯзгорон ва кормандони литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз ин чорабинӣ дар канор наистода, дар ин рӯз ба тоза кардани гирду атрофи муассисаи таълимӣ ва обод кардани майдончаи таҷрибавии назди литсей машғул шуданд.

Дар литсейи ДДТТ бахшида ба бузургдошти Рӯзи модарон   аз ҷониби Шӯрои духтарони литсей озмуни  «Фарҳанги рӯзғордорӣ» баргузор гардид.

    Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳуввияти миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, тибқи  ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 34 аз 30.01.2020 дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалан аз тарафи  иттиҳодияи методии фанҳои табиӣ-математикӣ нақша-чорабинӣ таҳия гардид, ки мувофиқи он аз рӯзи 5.02.2020 то 21.02.2020 озмуну чорабиниҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Рӯзи  21.02.2020 таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои таълимии №2 – и Донишгоҳи  давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷамъбасти чорабинӣ аз тарафи муовини директор оид ба таълим Қаюмова З.Н. ба хонандагони дар озмун иштирокнамуда ифтихорномаҳо супорида шуд.