Ахборот ЛДДТТ
Дар асоси Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии ањолии љумњурии Тољикистон дар давраи то соли 2020 бахшида ба Рўзи пойтахт дар литсейи Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон иди гулњо дар мавзўи «Гулњои Душанбе» баргузор гардид, ки дар ин чорабинї Ректори ДДТТ, профессор Фаќеров Њ.Н. ва намояндагони Раёсати донигшоҳ иштирок ва суханронї намуданд.
Рўзи 18.03.19 чорабинии умумилитсейї бахшида ба љашни байналмилалии Наврўз дар мавзўи “Гулчини гули тарона дорад, Наврўз” дар майдончаи варзишии литсей баргузор гардид, ки Ректори ДДТТ профессор Фаќеров Њ.Н.ва намояндагони донишгоњ дар он ширкат намуданд. Баъд аз сухани ифтитоњии директори литсей -Ниёзбекова Г.А. устод Фаќеров Њ.Н. хонандагонро бо Наврўзи байналмилалї табрик гуфта, медал ва Ифтихорномаи хонандаи синфи 11- Шеров Аминљонро, ки дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон аз фанни асосҳои давлат ва њуќуќ сазовори ҷойи сеюм гардида буд, супорид.
Бахшида ба Рӯзи модар дар таърихи 7.03.19 конференсияи илмї-амалї дар мавзӯи «Модар фаришта буд...» гузаронида шуд. Чорабинӣ ба тариқи озмун дар байни духтарони синфҳои 10 ва 11 гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ 28 нафар духтарони фаъоли литсей, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Рўзи 14.03.2019 вохўрии хонандагони синфњои 8-11, омўзгорони литсей, падару модарон бо мутахассиси Бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњияи Фирдавсї- Абдуллоев Аминљон ва Муминов Сиёвуш – табиби љарроњ ва ТТЊС Маркази саломатии шањрии №4-и шањри Душанбе сурат гирифт.
Рўзи 23.02.19 бахшида ба 26-умин солгарди Артиши миллї чорабинии умумилитсейї таҳти унвони «Ҳимояи Ватан – вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд» доир гардид. Хонандагони синфи 9 “Б” Мањмадуллоев Шоњрух ва Њайдаров Шуњрат бо роњбарии омўзгори фанни омодагии дифои њарбї Кудрявцев И. барномаи омоданамудаи хешро, ки бо усулњои гуногун худро муњофизат намудан буд, пешкаши њозирин гардониданд.