Ахборот ЛДДТТ
Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо ибтикори Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябр Рӯзи мавлонохонӣ эълон гардидааст. Ва ҳамасола мардуми шарафманди тоҷик ин рӯзҳоро бо шукӯҳу шаҳомат қайд мекунанд. Аз ҷумла, мо омӯзгорону толибилмони литсей низ аз 25-ум то 29 -уми сентябр дар литсей бахшида ба Рӯзи мавлонохонӣ нақша-чорабинӣ тартиб дода, ин ҷашнро дар сатҳи баланд таҷлил намудем. Хонандагон дар тӯли ин рӯзҳо аз ашъори ин бузургвор шеърҳо қироат намуданд, озмуни “Шеърхонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Ҳозирҷавобон”, озмуни “Байтбарак”, озмуни иншову рефератҳо, расмҳои беҳтарин ва рӯзномаҳои беҳтарин бахшида ба эҷодиёти ин адибон гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар ин чорабиниҳо хонандагони синфҳои 5 “А”, 5 “Б”, 6 “А”, 6 “Б”, 7 “А”, 8 “А”, 8 “Б”,8 “В”, 10 “А” хеле фаъолона иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 – сентябр Рӯзи рӯдакихонӣ эълон гардидааст. Ҳамасола дар литсейи ДДТТ аз тарафи иттиҳодияи методии фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ нақша – чорабинӣ таъсис дода шуда, дар асоси он хонандагони литсей ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Имсол низ аз тарафи шахси масъул оид ба гузаронидани ин чорабинӣ, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Мисайнова Г. нақша – чорабинӣ таҳия карда шуд, аз 20.09.2018 то 23.09.2018 мувофиқи нақша – чорабинӣ доир ба паҳлӯҳои ҳаёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хонандагони литсей саҳнаҳо нишон дода, аз ашъори ин шоири тавоно шеърҳо қироат намуданд. Иштироки фаъолонаи хонандагони синфҳои 5А,Б, 6А,Б, 7А, 8А,Б,В, 9А – ро қайд кардан ба маврид аст.
Рўзњои 19-20 июли соли 2018 дар бинои Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф, озмуни довталабони аттестати аълои равиявї бо медали тилло ва нуќра баргузор гардид.
Дар љамъбасти озмун хатмкунандаи литсейи Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон Насимов Бунёд соњиби «Аттестати аълои равияи табиї – риёзї бо медали тилло», Њикматова Шањноза Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Садиров Њикматулло ва Њусейнов Далер сазовори Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон гардиданд.
Маъмурият ва омўзгорони литсей ѓолиби озмун Насимов Бунёд ва иштироки фаъолонаи хатмкунандагон Њусейнов Далер, Њикматова Шањноза, Садиров Њикматуллоро табрику муборакбод намуда ба онњо дар дарёфти ѓолибиятњои минбаъда дар донишгоњњои олии кишвар ва берун аз он муваффаќиятњои калон орзу менамоянд.
Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Имсол якуми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир гардид.Дар литсей хонандагони синфҳои болоӣ суханронии сарвари давлатро тариқи сабти мустақими шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Хонандагони синфҳои поёнӣ чорабинии хотирмон бо иштироки хонандагони синфи 1 – ум дар мавзӯи “Мо толиби суҳем” гузарониданд, ки бо суруду рақсҳои дилнишини худ хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар Литсейи ДДТТ аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 19 январи соли 2018, №170 аз 9-ум то 23-юми июни соли 2018 баргузор гардид. Аттестатсия ба тариқи анъанавї ва тестї гузаронида шуда дар он шумораи зиёди хонандагон мањорату малакаи намунавї нишон доданд. Рафти аттестатсияро маъмурияти литсей, алалхусус директори литсей Гулиҷаҳон Ниёзбекова таҳти назорати худ қарор дода, одилона ба донишу маҳорати хонандагон бахогузорӣ намуданд. Меъёри баҳогузорӣ дар литсей яке аз масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон аҳамияти махсусро доро мебошад. Ҷамъбасти хар як аттестатсия нишон дод, ки маъмурият ва омӯзгорони литсей барои бомуваффакият супоридани аттестатсия тайёрии ҷиддӣ дида, онро дар сатҳи баланди касбӣ гузарониданд.Дар анчоми аттестатсия омӯзгорон натиҷаи кори худро дар давоми сол хурсандибахш арзёбӣ намуданд.